Бахшҳо

А.Қурбониён: Соли 2017 баландшавии маош дар назар аст

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии Лоиҳаи қонун “Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2017 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷаи давлатӣ барои солҳои 2018-2019” дар парлумон, ҳаҷми буҷаи давлатӣ барои соли 2017-ро 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ гуфт. Ба гуфтаи вай ин рақам дар қиёс ба буҷаи соли равон як миллиарду 718 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон аз вазири молия пурсид, дар соли оянда болоравии музди меҳнат дар назар дошта шудааст ё хайр? Посухи Абдусалом Қурбониён мусбат буд. Ӯ гуфт, қарор аст, соли 2017 маоши кормандони буҷавӣ, бознишастаҳо ва донишҷӯён баланд бардошта шавад ва барои ин 300 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аммо оқои Қурбониён шарҳ надод, ки баландшавии маош аз кадом моҳ ва чӣ андоза дар назар гирифта шудааст.

Лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2017 моҳи октябри соли 2016 дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Он замон таъкид шуд, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷа 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, барои соҳаҳои иҷтимоӣ 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.

Лоиҳаи буҷа аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Шукурҷон Зуҳуров қабл аз қабули лоиҳаи буҷа дар хитоб ба раҳбарони вазоратҳои молия, саноат ва рушди иқтисод гуфт, блоки иқтисодӣ ва низоми бонкдорӣ дар кишвар мелангад. Ба таъкиди ӯ бояд соҳибкорон дастгирӣ ёфта, мардум бо ҷои кор таъмин шавад: “Вақте ҷойи кор набошад, чӣ гуна андоз месупоранд?”

Зуҳуров инчунин ба раҳбари Палатаи ҳисоб гуфт, масъалаи барқарор намудани маблағи зарарҳо бояд таъмин шавад.
Мӯҳр
Аз Чаноби Курбониен эхтиромона хохиш менамоям,ки маоши духтурон зиед карда нашавад. Чунки духтурон ба маош ниез надоранд.

Муаммо!!!! Дар бонкхо пул нест сафи бекорон дар кухи QOF расидаст, руз ба руз корхонахо фаъолияташонро катъ кардаистодаанд. Муалимон баъзан вактхо хамин 600-700 сомонишона то ду-се мох ёфта наметавонанд. Буйчаи кишвар пур нашудаистодааст. Хар руз точанд нархо гарон шудаистодааст.
Инхо аз кадом хисоб маъошора мебардошта бошанд.
Охи эй чаноби вазир. Бо пули мош маъоша то чанд зиёд мекунед?? Шумо бпхтараш пеши болоравии андозхову нархи бозорхора поён фароред. Орду шакару равгану гушту картошкаву пиёзро назорат кунед. Ин барои тамоми миллат бехтар аст Арзон кунед акалан10-15 фоиз то хаму 10-15 фоиз маъоши чахор корманди давлатира баланд бардоштана.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)