Лағви ҳукми абад ва эъдоми Муҳаммад Мурсӣ
Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми абади Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Мисрро лағв кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои хабарӣ, ин ҳукм дар иртибот бо яке аз иттиҳомоти Мурсӣ таҳти унвони “ҷосусӣ барои Ҳаммос ва тавтеъаи зидди кишвар” содир шуда буд. Манобеи қазоии Миср эълом кардаанд, ки ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ дар мавриди парвандаи “ҳамла ба зиндонҳо” низ лағв шуда, дастур додаанд, ки вай дар ин робита бори дигар муҳокима шавад.
Муҳаммад Мурсӣ соли 2012 дар пайи интихобот ба раёсати ҷумҳурии Миср расид, аммо як сол баъд дар ҷараёни эътирозоти густурдаи хиёбонӣ алайҳи давлат бо кудатои низомиён барканор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |