Дояеро, ки сари тифлро бурид, дар Қазон табобат мекунанд
Гулчеҳра Бобоқулова, шаҳрванди 38-солаи Узбакистон, ки дар куштори ваҳшиёнаи як тифли чорсола муттаҳам мешавад, дар беморхонаи бемориҳои руҳии Қазон муолиҷа хоҳад шуд.
Ҳафтаи сипаришуда додгоҳе дар шаҳри Маскав қарори табобати иҷбории Бобоқуловаро содир кард. Қаблан расонаҳо эълон карданд, натиҷаи ташхиси руҳӣ муайян кардааст, ки ин доя аз бемории равонии музмин ранҷ мебарад.
Гулчеҳра Бобоқулова 29 феврали соли равон дар назди метрои “Майдони Октябр” дар ҳоле боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи кӯдакеро мегардонд. Баъдтар эълон шуд, ин кӯдак Настя ном доштаву Гулчеҳра ба ҳайси парастори ӯ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои тафтишот, ин шаҳрванди Узбакистон баъди он ки волидони кӯдак аз хона мебароянд, сари ӯро бурида, хонаро оташ мезанад. Бобоқулова ҳангоми бозпурсиҳо, ки навори онҳо низ дар интернет нашр гардид, куштори кӯдакро қасос аз Владимир Путин, президенти Русия барои иқдомаш дар Сурия гуфтааст. Аммо Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |