Ноуҳдабароии ронандаи ҷавон се кушта барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бархӯрди ду ““Мерседес-Бенс” дар роҳи Рӯдакӣ-Ёвон 3 кушта барҷой гузошт.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, садамаи маргбор 28-уми ноябр тахминан соати 14:00 рух дод: “Ронандаи 22-сола, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳраки Ёвон аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракат набаромада, ба “Мерседес-Бенс”-и дигар таҳти идораи марди 26-сола бархӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи бархӯрд ронандаи “Мерседес-Бенс”-и якум ва мусофиронаш - ду марди 26 ва 27-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд: “Мусофири дигар, марди 25-сола дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | |