Тошканд: Дар интихобот сарҳад бо Тоҷикистонро намебандем
Мақомоти Тошканд эълон карданд, ки дар рӯзи интихоботи раисиҷумҳури Узбакистон сарҳад бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро намебанданд.
Музраф Икромов, вазири адлияи Узбакистон 30-юми ноябр зимни нишаст дар бошгоҳи матбуотии “Elections.uz-2016” эълон кардааст, ки гузаргоҳҳои марзӣ дар рӯзи интихоботи Президент тибқи реҷаи муқаррарӣ кор хоҳанд кард ва рафтуомаду шаҳрвандон ба ҳар ду тараф бемонеа сурат хоҳад гирифт.
Эълони набастани марзҳо дар ҳолест, ки дар аҳди Ислом Каримов, раисиҷумҳури марҳуми Узбакистон сарҳади ин кишвар ҳангоми маъракаю ҳамоишҳои муҳими сиёсӣ баста мешуданд.
Интихоботи Президент дар Узбакистон 4-уми декабр дар назар буда, Шавкат Мирзиёев раҳбари муваққатии ин кишвар, номзади аслӣ ба мақоми президентӣ ба шумор меравад. Ислом Каримов, ки 27 сол зимоми раҳбариро дар ихтиёр дошт, моҳи сентябри соли равон дар пайи хунравии мағзӣ дар 78-солагӣ даргузашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |