Бахшҳо

"ЮНЕСКО" палави тоҷикиро мероси ҷаҳонӣ хонд

Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, “ЮНЕСКО” оши палави тоҷикиро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кардааст.

Дар ин бора дар сомонаи расмии созмон иттилоъ дода шудааст. Ба иттилои манбаъ оши палав дар Тоҷикистон "шоҳи ғизоҳо” ном дошта, беш аз 200 тарзи таҳия дорад.

ЮНЕСКО инчунин оши палави пешниҳодкардаи Узбакистонро низ ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда, шарҳ додааст, ки ош ба таҳкими равобити иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият то ҳол 366 номгӯи суннатҳову арзишҳои халқҳои ҷаҳонро дар бар мегирад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Узбакистон нахустин шуда ба ЮНЕСКО дархост дода буд, то оши палавро ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии Идораи илму фарҳанги СММ шомил кунад. Тоҷикистон низ бо чунин дархост ба ин ниҳоди байналмилалӣ муроҷиат кард, ки баҳсҳои гармро дар расонаҳои интернетиву иҷтимоӣ ба миён овард.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди оқибатҳои “кашмакаш” барои “Оши палав”, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон онро ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, гуфта буд, ки ЮНЕСКО метавонад, пешниҳоди ҳар ду ҷонибро қабул кунад. Вазири тоҷик қайд намуд, ки ҳарчанд Узбакистон “Оши палав”-ро пештар пешниҳод кардааст, вале ин муҳим нест ва “Юнеско” метавонад аз номи 2, 10 ва ё 12 кишвар, инро қабул кунад: “Қаблан рӯзноманигорони муҳтарам масъалаи ҷашни чавгонро бардоштанд ки чаро дигарон пешдастӣ кардаанд? Ба наздикӣ дар Ереван дар як сафари корӣ доштам ва ҳамон ҷо як мутаххасиси хеле баландпоя аз Эрон гуфт, “ЮНЕСКО” ташкилотест, ки кишварҳоро ба дӯстӣ меоварад. Ин ҷо муҳим нест, ки аз нигоҳи хронологӣ Шумо пешдастед ё дигар, муҳим нест, ки кӣ пештар пешниҳод кардааст. Муҳим рамзи дӯстӣ аст, мардумро ба ҳам овардан аст. Бояд заминаҳои дӯстияшро ба кор барем. Агар пешниҳоди Узбакистон дар мавриди “Оши палав” қабул шуд, Тоҷикистон бо он ҳамроҳ мешавад, ки мо ҳам дорем. Мисол Наврӯзро, ки Эрон ташаббускор шуд ва мо ҳам шомил астем. Мо ба Конвенсия тағййрот ворид мекунем, ки аввал пешниҳод кардан муҳим набошад”.
Мӯҳр
Muhtaram muallif agar uzbaktabor naboshiyu vijdonat azobat dihad pas Tojikiston naxustin shuda in iqdomro peshnihod namuda bud.

Lutfan nashr kuned

Паловсоз
Икбол хаминашда шукр карда гард аслан оши палов дар худуди имрузаи Осиёи Миёна хусуан дар Самарканду Бухоро пайдо шуд аниктараш сохта шуд мисли нону дигар хурокхои кадими кичири ширбиринч ва дигару дигар ки албатта мероси фархангии тамомии точикон аст Узбакистон хам аз карор доштани ин ду абаршахри форсу точик суистифода карда акалан мардуми узбакистон неву палави узбаки гуфта муаррифи мекунад ки ин тахкир ба тамоми форсизабонони чахон аст масалара бояд а ин назар нигох кард

Ман пешниход мекунам,ки ин номгуйхое,км меорам ба руйхати фархангии точикон ворид карда шавад.
Нонбойи, наскии помири, самбусаи танури, токии помири ва точихои кулоби ва дар умум хама токихое,ки мархои точик мегузоранд. Точикон тули садсолахо дар сар токи мегузоштанд. Узбакхо дируз токира дидан.
Чомахои точики. Хама намудаш!!!
Матоъхои алтас, оши туппа,курутоб,ширчой....
Вагарна рузе ин фархангдуздон рузе ин фарханги моро аз они худ мешуморанд. Ба мисли оши палов.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)