Бахшҳо

Нақшаи Бонки Миллӣ барои ҳифзи мизоҷон: Зӯргӯии бонкҳо мамнуъ шавад

Бонки миллии Тоҷикистон Стратегия ва нақшаи амал барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷони низоми бонкӣ барои солҳои 2017-2021-ро қабул кардааст, ки ҳадаф аз он таъмини эътимоди мардум ба бонкҳо арзёбӣ шудааст.

Бонки миллӣ ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва эътимоди мардумро масоили калидӣ барои рушди соҳаи бонкдорӣ дониста, ният дорад, ки онро давоми 5 соли оянда аз ҳисоби боло бардоштани саводнокии молиявӣ, ислоҳот бо ҷалби созмонҳои молиявӣ ва роҳандозии меъёрҳои байналмилалӣ дар умури хизматрасониҳои молиявӣ таъмин кунад.

Ин ниҳод бо зикри афзоиши шикояти мардум аз бонкҳо изҳор доштааст, ки шикоятҳоро қабул мекунад, аммо салоҳияти ҳалли баҳс миёни мизоҷ ва муассисаи молиявиро надорад. Бонки Миллӣ қабули санади меъёриро зурур хондааст, ки роҳҳои расидагӣ ба шикояти мизоҷонро мушаххас кунад: “Дар назар аст, давоми 5 соли оянда фаъолияти бахши ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони бахши молиявӣ таҳким ёбад ва теъдоди кормандони бахш бештар шавад”.

Бонки Миллӣ мегӯяд, дар доираи стратегия пешбинӣ шудааст, ки зӯргӯии бонкҳо барои ситондани маҷбурии қарзҳо аз мардум бояд мамнуъ шавад: “Агар муассисаҳои молиявӣ афроди сеюмро барои ситондани маҷбурии қарзҳо ҷалб кунанд, бояд муътақид бошанд, ки ин раванд дар доираи этика сурат мегирад”.

Шаффофияти кори бонкҳо ва пешниҳоди иттилои соддаи оммафаҳм бахши дигари стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Таҳияи стратегия дар ҳолест, ки феълан бисёре аз мизоҷони бонкҳо шикоят доранд, ки наметавонанд саривақт маблағҳояшонро аз бонкҳо бигиранд. Ин мушкил махсусан дар “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ҷой дорад.
Мӯҳр
Ин сабсатахои бе мантик чи лозим. Харруз як афсона. Бонкхо тяк ташкилоти хунмак гаштаанд ва камбагалию бечорагии мардумро онхо сабаб мебошанд. Холо ин афсонаи навбати маънои онро дорад, ки мушкилихои чойдоштаро бонки милли ба тули 5-сол кашол доданист. Абата стратегияи давлат барои ба даст овардани боварии чавонон ки як кувваи бузург ба хисоб меравад, ки барои хушомад ин чавонони бе тачрибаро ба вазифахои масъулиятнок гузошт махсусан дар бонкхо ва ба муфлисшавии ин сохтори бе салохият оварда расонид


Чабрдидааа
все равно бовар нест, пулхои будагиамро баргардтнед

одам
барои он, ки бонкхо дуруст дар доираи конунхо амал кунанд бояд пеш аз хама ба конуни бонкхо тагирот ворид карда шавад. ба макомотхои хифзи хукук ичозаи санчиши ин бонкхо додан хатмист. херо банкирхо бо бахонаи сирри бонкию тичоратиашон хама малуматхоро пинхон мекунанд ва депозитхои мардум мондаро бо ошнобозию харомкориашон кредитхои бардуруг оформит карда доданд сабаби асосии фалач шудани бонкхои мо хамин асту бас ...

said
Тезтар ичозати додани маблаги мардумро дихедддддддддддддд! Мардум аз хизмати бонки ноумед шуд ва хар кадар хизмат ба халк дуртар равад, бонкхо пурра аз бовари меброян. Рохбарони пешина баргарданду худашон камбудишона хал кунанд. Окибати кор ба хайр шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)