Душанбе: Қатлу порасозии ҳамсар ба гумони сабукпоӣ
Додгоҳи шаҳри Душанбе, сокини пойтахт Бахтиёр Агмалиевро дар қатли ваҳшиёнаи ҳамсараш гунаҳкор дониста, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.
Тавре аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса 21-уми июли соли равон рух додааст: “Агмалиев аз ҳамсараш Низамова гумонбар шудааст, ки ӯ ба сабукпоӣ ва ишқварзӣ бо мардони бегона машғул мебошад. Аз рӯи бадбинӣ ва рашк субҳи 21 июли соли 2016 тахминан соати 4, замоне, ки Низамова дар ҳолати мастӣ хоб будааст, Агмалиев болиштро ба рӯи ҳамсараш зер карда, ӯро нафасгир намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи қатл Агмалиев ҷасади ҳамсарашро дар ҳамом пора карда, қисмҳои баданро аз соати 12:00 то 20:00 дар халтаҳои селофанӣ ба назди маркази савдои “Ёвар”бурда, ба дарёи “Душанбе” партофтааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон афзуд, ҳодисаи куштор замоне рух додааст, ки фарзандони хурдсоли Агмалиев ва Низамова хоб будаанд. Додгоҳи Душанбе Агмалиевро на танҳо дар куштор, балки дар таҳқири ҷасад низ гунаҳкор дониста, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |