Бахшҳо

Даъвои зани солхӯрда алайҳи Ёров: Маро гаравгон гирифт

Аслия Ниёзова, як зани 70-сола, сокини шаҳри Душанбе алайҳи Бузургмеҳр Ёров, адвокати маҳкумшуда ба 23 соли зиндон, даъвои нав пеш гузоштааст.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин зан даъво дорад, ки гӯиё Ёров ӯро латтукӯб кардаву 5 соат гаравгон гирифтааст: “Соли 2007 низ ин зан вобаста ба қаллобӣ аз болои Бузургмеҳр шикоят кард, аммо дар пайи тафтиш мурофиаи судӣ ба фоидаи Бузургмеҳр ҳал шуд. Акнун ин зан боз даъво кардааст”.

Даъвои нав алайҳи Ёров дар ҳоллест, ки феълан алайҳи ӯ се парвандаи нав, аз ҷумла бар асоси моддаҳои 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд) ва 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ифтитоҳ шуда, дар назар аст, рӯзҳои наздик баррасӣ шаванд.

Хосият Ёрова мегӯяд барои парвандаи нави сеюм, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ифтитоҳ шудааст, адвокат надоранд: “Дигар маблағ надорем. Муфаттиши парванда гуфт, адвокати давлатӣ гирем. Барои адвокати давлатӣ дархост равон шуд. Ягон адвокат розӣ нашуда истодааст, ҳеч кас парвандаро ба уҳда намегирад”.

Маврид ба зикр аст, ки 6 октябри соли равон Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур намуд. Бо ҳукми додгоҳ амволи ӯ комилан мусодира шуда, худаш баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.

Ба иттилои наздикон Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии шикояти кассатсионии Ёровро то соли 2017 мутаваққиф кардааст.
Мӯҳр
Э БАХУДОВУ БАХУДО ХАМААШ ДУРУГУ ХАМААШ ХИЛЛА.
О ХУКМИ КАТЛАШ ДИХЕД ТО ИН КИ ДИЛАТОН КАРОР ГИРАД.

инсоф
э худо ин чи шкэурест дар ин даври камар мебинам...
да точикистон одами босаводу дурустандешро тухмати нохак мекунанд ё Аллох охир шмо инсон хастед озодии баёна умуман намебинам дар ТЧ

Шарм бояд дошт хичолат бояд кашид!!!! Точикро дар Руссия мекушанд бо вахшоният, точикро бо тухматхои бечо ( барои беэхтироми....) зиндон мекунед. Як бор ба худатон суол бимкунед, шумо лоики эхтиром хастед ки мардум шуморо эхтиром бикунад. Агар як нафар русро дар Точикистон бо зуровари бикушанд медонед шумо хукуматдоронро русхо чи кор мекунанд? Мумкин шумо точик хам нестед.
Бехтар аст шумо тамоми мардуми точикро зиндон бикунед, ба чойи ин ки зарра зарра беобру карда бикушен. Миллати точикро беобру кардед, масхараву шарманда кардед, гурури мардумро шикастед. Дар КВН Русия точиконро ба унвони гуломи Русия эълом карданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)