Бахшҳо
05 дек 2016 16:07Тоҷикистон / Сиёсат

Дипломати тоҷик: Интихоботи Узбакистон озод, шаффоф ва демократӣ гузашт

Рашид Олимов, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистонро шаффоф, озод ва демократӣ унвон кард.

Ин дипломати тоҷик, ки дар садри ҳайати СҲШ интихоботро назорат кардааст, дар суҳбат ба хабаргузории “ТАСС” гуфтааст, интихобот дар асоси қонунгузории Узбакистон ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардида, ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ, ки натиҷаҳоро зери суол барад ба қайд гирифта нашудаанд. Раиси СҲШ гуфтааст, баъзе камбудиҳое ҷузъӣ ошкор гардиданд, ки ба натиҷаи интихобот наметавонанд таъсире дошта бошанд.

Ӯ даъват шудани нозирони байналмилалиро “талоши раҳбарияти Узбакистон дар ростои таъмини шаффофияти ҳаддиаксарии интихобот” гуфтааст.

Рашид Олимов дар посух ба суол дар мавриди шароити мусоид барои нерӯҳои гуногуни сиёсӣ гуфтааст: “Барои иштирокчёни ҷараёни раъйдиҳӣ новобаста аз назарҳои сиёсиашон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Барои номзадони мақоми раёсатҷумҳурӣ вақти баробар дар телевизион ҷудо гардид. Вобаста ба ҷойи зисти ақалиятҳои миллӣ маводи тарғиботӣ бо забонҳои узбакӣ, русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва қароқалпоқӣ паҳн шуданд”.

Ба гуфтаи Рашид Олимов, барои аввалин бор дар таҷрибаи интихоботи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Узбакистон барномаи баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии раъйдиҳандагон роҳандозӣ шуд. “Варақаҳо ва наворҳои видеоии махсус омода шуданд. Созмонҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол доштанд.”

Рашид Олимов дар бахши дигаре аз суҳбаташ гуфтааст: “Барои ҳайати Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷолибтарин лаҳза он буд, ки ҳангоми кушода шудани ҳавзаҳои раъдиҳӣ бузургсолон дуо мекарданд. Ба назари ҳайати СҲШ ин иқдом ба шаффофияти ин чорабинии муҳими сиёсӣ унвури руҳоният медиҳад ва инчунин барои кормандони ҳавзаи интихоботӣ масуълияти бузург медиҳад.”

Ин изҳороти раҳбари ҳайати нозирони СҲШ дар ҳолест, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, ки бо иштироки 17,9 миллион нафар ё 87,8 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй баргузор гардид, имрӯз, 5 декабр соати 4-и маҳаллӣ эълон мешаванд. Дар назар аст, ки Шавкат Мирзиёев раҳбари муваққати Узбакистон дар интихобот пирӯз эълон шавад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон се моҳ баъд аз марги Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури ин кишвар, ки дар синни 78 даргузашт, баргзор шуд.

Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров – намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон аз номзадони дигари мақоми раисҷумҳурии Узбакистон мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)