Бахшҳо
05 дек 2016 17:24Тоҷикистон / Сиёсат

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дубора иҷозаи фаъолият гирифтанд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муҷаввизи 6 хабарнигори Радиои Озодиро дубора барқарор намудааст.

Радиои Озодӣ мегӯяд, 6 хабарнигораш - Мирзонабии Холиқзод, Амриддини Олим, Шодмони Ятим, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров ва Муҳаммадвафо Ризозода, баъди барқарор шудани аккредитатсияҳо дубора ба кор баргаштанд.

Муҷаввизи ин журналистон 25 ноябри соли ҷорӣ боздошта шуд. Он замон масъулони Радиои Озодӣ гуфта буданд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ сурат гирифт. Ба қавли онҳо, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст.

Масъулини Радиои “Озодӣ” мегӯянд, баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа муҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ "акредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шуд, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифт, мақоларо нигоҳ дорад".

Дар пайи маҳрум гардидани 6 хабарнигори радио аз иҷозатномаи фаъолият, Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” изҳори умед карда буд, ки “қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад”, зеро ба гуфтаи ӯ хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд.

Сафорати ИМА дар Душанбе, Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) ва созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо нашри изҳоротҳои алоҳида аз мақомоти тоҷик хоста буданд, муҷаввизи 6 хабарнигорро барқарор кунанд.

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар пайи нашри хабари “Нигаронӣ ва умеди президенти “Озодӣ” аз мақомоти тоҷик” ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки бозхонди иҷозтномаи 6 хабарнигори радиои “Озодӣ” ба нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон рабт надорад: “Таъинот дар ВКХ дар асоси қонун дар бораи ротатсияи хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт ва ин ҷои пинҳонкунӣ надорад, ҳамаи тағйирот шаффоф сурат гирифт. Иттилоъ дар ин бора дар бахши сохтори сомонаи расмии ВКХ пешниҳод шудааст. Нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, ки собиқаи кории 10-сола дораду фаъолиятро аз зинаҳои поёнӣ оғоз кардааст, ба бозхонди иҷозатномаи кори хабарнигорони радиои “Озодӣ” рабт надорад”.
Мӯҳр
беном
озоди маладес мо азоди ту ифтихор мекунем.

Ман ба озоди бовар надорам ва ин хангома барои аз сари нав бардоштани обу руи озоди ки у аз даст дода буд, як сахнаи театри буд

Рохгузар
Рости банда хамчун мутолиакунандаи хабару гузоришхои радиои озоди дар онам, ки имруза радио чун кабли набуда, хамчун як театри лухтак гардидааст. Зеро, хакгуиву хакчуи дар он дида намешавад. Бале, медонам шароити кунуни кишвар хамин аст, аммо бояд рузноманигор рисолати асосии худро, ки хакгуи ва нигох ба хак аст, ба чо оварад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)