Бахшҳо

Фармони Президент алайҳи ифротгароӣ: Таҳаммулгароӣ ташаккул ёбад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020-ро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он мубориза бо экстремизму терроризм пурзӯр мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулли кишварро муваззаф кардааст, ки дар бораи иҷрои барномаи мубориза бо терроризму экстремизм ҳар сол на дертар аз 15-уми феврал ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш диҳад.

Бар асоси фармони раисиҷумҳур тамоми мақомоти марказӣ ва маҳалллӣ супориш гирифтаанд, ки нақшаи дохилиро таҳия кунанд ва дар мавриди мубориза бо экстремизм миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд: “Дар бораи иҷрои нақшаи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо терроризму экстремизм на дертар аз 15-уми январи ҳар сол ба додситонии кул ҳисобот диҳанд”.

Дар Стратегияи тасдиқкардаи раисиҷумҳур таъкид шудааст, ки Тоҷикистон таҳдиди экстремизму терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди муътадил дарк мекунад: “Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро барои паҳни идеологияи ифротӣ, ҷудоиандозии динӣ ва ҷалби ҷавонон пурзӯр карда, талош доранд, сохтори иҷтимоӣ-сиёсиро дар ин ё он кишвар тариқи зӯрӣ тағйир диҳанд”.

Дар санад бо зикри таҷрибаи байналмилалӣ таъкид шудааст, ки барои муваффақият дар мубориза алайҳи экстремизму терроризм бояд омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқию сохторӣ, ки ба фаъолияти ифротгароён мусоидат мекунанд, аз байн бурда шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тасдиқи Стратегия мақомоти кишварро муваззаф кардааст, омилу равандҳои асосии экстремизму ифротгароиро, ки ба терроризм мебаранд, таҳлил кунанд: “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ алайҳи терроризму экстремизм ба хотири ҳифзи сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муайян шаванд”.

Бар асоси Стратегия бояд таҳаммулгароӣ дар ҷомеа ташаккул ёбаду заминаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо ифротгароӣ такмил дода шавад: “Мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар амри мубориза алайҳи терроризму экстремизм муттаҳид бошанд”.
Мӯҳр
Дар хечаи мурча об даромадай ку. Ин пркуратура факат барои тероризму экстримизм кор мекунад. Дигар чиноятхо чи? Дуздону калобонро мухтарам Чаноби оли боз як карор имзо кунед худомон ёфта ё ба хонахояшон даромада мачбур хисобамонро баробар кунем. Прокуратура факат аз паи терористону экстримистон аст ба ин чиноятхо ахамият намедихад. Як бор ба прокурор алайхи хаммагуна чиноятхо супориш дихеду пурсиши хали парвандахоро пусед 3- сол мешавад, ки як парвандаи дуздиро ба охир намерасонанд. Ин чи гап. Гайри терористию экстремисти дигар чиноят нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)