“Reuters”: Русия бо “Толибон” дар Тоҷикистон гуфтушунид кардааст
“Reuters”, яке аз пойгоҳҳои хабарии маъруфи дунё аз гуфтушуниди мақомоти Русия бо намояндаи ҳаракати “Толибон” дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ин расона аз қавли Қозим Ҷангалбоғ, фармондеҳи пулиси Қундуз гуфтааст, дар яке аз мулоқотҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, аз ҷониби “Толибон” мулло Абдулло Салом, яке аз раҳбарони ҳаракати мазкур иштирок доштааст.
Як намояндаи “Толибон” ба “Reuters” гуфтааст, аз соли 2007 бо Маскав дар тамос ҳастанд ва ҳузури Русия аз марзи “дастгирии ахлоқӣ ва сиёсӣ” дур нарафтааст. “Мо душмани муштарак дорем. Моро зарур аст, ки аз Амрико ва мутаҳидонаш халосӣ ёбем. Русия ҳам мехоҳад, ки тамоми нерҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон ҳарчӣ зудтар берун шаванд”,- изҳор доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Қозим Ҷангалбоғ гуфтааст, ҳарчанд мақомоти афғон далели лозими дастгирии “Толибон” аз сӯи Русияро дар даст надоранд, аммо парвози чархболҳои ношинос дар марзҳои Афғонистон ва дастгир шудани силоҳи сохти Русия онҳоро нигарон кардааст.
“Reuters” навишта, “Толибон” қабул надоранд, ки муборизаи онҳо алайҳи “Давлати исломӣ” ва тамос бо Русия чизе муштарак дорад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, Замир Кобулов, намояндаи вижаи Владимир Путин дар Афғонистон дар суҳбат бо хабаргузории “Анадолу”-и Туркия гуфта буд, Русия бо намояндаҳои "Толибон" дар тамос аст. Ба қавли ӯ, "бо онҳо дар мавриди амнияти ҳайати дипломатӣ ва шаҳрвандони Русия дар тамос ҳастем”.
Ин изҳорот бо вокуниши тунди ҳукумати Афғонистон рӯбарӯ шуда буд. Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон ҳушдор дод, ҳамсӯии кишварҳои минтақа бо гуруҳҳое, ки мардуми Афғонистонро ҳадаф қарор медиҳанд, барои кишварҳои минтақа хатарофарин хоҳад буд. Ин намояндаи вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар пайи изҳороти Кобулов гуфтааст: “Пештар низ чизҳое дар ин бора дар расонаҳо бозтоб дошт ва мо ҳар боре, ки ин мавзӯъро бо Русия матраҳ кардаем, мақомҳои ин кишвар онро такзиб кардаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |