Бахшҳо

Ҳукумат ба Пирзода 1 моҳ муҳлат ва 2 миллиард сомонӣ додааст

Тоҷиддин Пирзода як моҳ муҳлат гирифтааст, то нақшаи беҳбуди вазъи “Тоҷиксодиротбонк”-ро таҳия ва пешниҳод кунад.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон 13-уми декабр фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба анҷом расид: “Дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд”.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи бонкҳои тиҷории кишвар беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки аз ин ҳудуди 2 миллиард барои "Тоҷиксодиротбонк", як миллиард барои “Агроинвестбонк” пешбинӣ шудааст.

Талоши беҳбуди вазъи молиявии бонкҳо дар ҳолест, ки Тоҷиддин Пирзода баъди 7 моҳ дубора ба мақоми раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” баргашт. Бонки миллӣ 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ бо раҳбарии Мирҳаёт Ёқубов таъин карда буд, ки то ҳол фаъолият дошт.

“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон мебошад, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.

Георгий Орлов, мудири БАТР оид ташкилотҳои молиявии Русия ва Осиёи Марказӣ қаблан дар шарҳи мушкилоти бонкҳои Тоҷикистон гуфт, дар пайи коҳиши содироти мол ва воридоти маблағи муҳоҷирон, низоми бонкии Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ шудааст. Ӯ афзуд, дар пайи коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ бисёре аз шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон натавонистаанд, қарзҳои бонкиро саривақт пардозанд, ки дар натиҷа бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон ба мушкилот мувоҷҷеҳ шудаанд.
Мӯҳр
Лоик
Акнун пулхоямона медода бошад чаноби Пирзода?

урааааааааааааааааааааааааааааа

Ман рости намедонам, ки чи сабаб шуд, ки Пирзода ба ин хол афтод, лекин маълум аст, ки марди кор аст. Як юор гузарам афтода буд ба ин банк. Он чо бо ман бисёр хуб муомилаи гуфтор шуда буд ва фоизи депозити хам бисёр хуб пешниход шуда буд. Аз чехрааш хам марди фиребгар наметобад. Худдованд беигболаш накунад дар ин кори нихоят бомасъулият ва пурхатар.
Агроинвестбонк хам пули муштариёнро намедиханд, хам бо зан-кормандонаш суханатро гуфта наметавони. Дар хила гум хастанд. То 30-уми охири сол бояд пулхои муштариёнро диханд, аммо номери телефонамонро гирифтанду хич на занг асту на хабар. Рости хафтаи гузашта он чо рафтаму дилам биёр зик шуд, умедам канда. Боз 52 фоизаш давлати асту бояд эътимоди мардум аз Хукумат канда нашавад. Хайронам, чаро чандин моххо пули моро намедиханду хам модди ва хам маънави зарар мебинем, вале Касе ёфт намешавад, ки хакро ба хакдораш бирасонад. Дар хаёлам хам намеомад, ки то ин дарача беинсофи бошад.

бепул
Муборак шавад. Худо тавфик дихад. Ин марди кордон агар намерафт, холо проблемаи бонк кайхо хал буд. Иншоолох мардум аз ин бонк боз хурсанд хоханд шуд

Ба вазифаи худ баргаштани доктор Точиддин Пирзодаро табрик мегуям. Ва ба Шумо мувафакият мехохам!

Муштари
Танҳо умед ба президент мондааст. ино ҳамаш дуруғ мегуянд. ҳозир бо пиров чанд моҳи дигар вадабози мекунад.

Рӯдакӣ
Лоиқшоҳ ин саволро аз Бозор Собир пурс?!..

Командаи фикристодаи Бонки Милли бо рохбарии Мирхает Екубов ягон корро ичро карда натавонист. Боз ба Пирзода "зор" монданду дубора фаред карданд.

Ман мичози АГРОИНВЕСТБОНК мебошам. Нихоят муомилаи дагал ва фиребу гайри конун коркардани кормандони ин бонк хамеша буду холо хам аст. Кормандони ин бонк худашон шоху таъбашон вазир аст. Чаро ин бонк ба мичозонаш чунин рафтори дагалона мекунад? Магар аз он аст ки рохбарашон Алимардонов мебошад. Агар ба суроги пулхоят рави, гуё ки аз онхо пул металабида боши чунин рафтори нописандона ва дагал ба ту раво мебинанд. Озодагон чоп кунед то ислох шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)