Бахшҳо

Мактаби наву замонавӣ, аммо бе барқ... (ВИДЕО)

Омӯзгорон ва хонандаҳои як мактаби наву замонавӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз надоштани барқ шикоят мекунанд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи №34-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 2 гектару 40 сотих бо маблағи 20 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Сайидмусаввир Абдулҳақов, мудири мактаб дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин муассисаи таълимӣ соли хониши ҷорӣ бо иштироки Президент ба истифода дода шуд: “Ин мактаб мушкили се деҳаро ҳал кард. Хонандаҳо то ин вақт фарсахҳо роҳро тай намуда, барои дарсхонӣ ба мактабҳои ҳамсоядеҳаҳо мерафтанд”.

Ба гуфтаи Абдулҳақов, ин мактаб дорои 22 синфхонаи дарсӣ буда, дар онҳо 624 хонанда таҳсил мекунанд: “Мактаб 72 компютер, 22 камераҳои назоратӣ, 10 доскаи электронӣ дошта, дар миқёси Кӯлоб ягона муассисаи миёнаи таълимиест, ки китобхонаи электронӣ дорад. Аммо барқ нест, то аз ин ҳама истифода шавад. Ду маротиба ба Ҳукумати шаҳр ва Шабакаҳои барқи шаҳр барои кашонидани хатти озоди барқ мактуб ирсол намудем, аммо ҳанӯз посухе нагирифтаем. Дар ҳоле ки барои кашидани барқ трансформатор ва 34 симчуб дорем”.

Мудири мактаби №34 мегӯяд, бо далели лимити барқ тамоми имкониятҳои мактаби замонавиро истифода бурда наметавонанд.



Шукронаи Саттор, хонандаи синфи 9-и ин мактаб ҳам гуфт, бо далели набудани барқ наметавонанд аз синфхонаҳои компютерӣ ва лавозимоти дигари барқӣ баҳра бигиранд: “Ман ғолиби озмуни шаҳрӣ аз фанни таърих ҳастам ва ба озмуни вилоятӣ роҳхат дорам. Вақте мо ба дарс меоем, аллакай барқ хомӯш мешавад, аз ин сабаб имкони истифодаи компютерҳо нест. Мо бисёр ҳаваси омӯзиши технологияи навро дорем, аммо барқ нест”.

Дилшод Назаров, хонандаи синфи 10 ва раиси созмонҳои талабагии мактаб таъкид намуд, аз он ки Ҳукумати Тоҷикистон барои хонандаҳо чунин мактаби муосире сохт, хеле хурсанду миннатдоранд, аммо аз он ки ин муассиса хатти озоди барқ надорад, онҳоро нигарон кардааст.

Шарифхон Гулмадов, сарошпази ошхонаи мактаб мегӯяд, бо далели набудани барқ то ду шабонарӯз ҳатто наметавонад нонҳоро бипазад: “Баъзан хамир соатҳо аз набуди барқ нопухта мемонад ва маҷбурем, ки шабона баъди он ки барқ дода мешавад, дар мактаб истода онҳоро пазем. Дар сардиҳои ҳафтаи пеш нонҳоро дар танури хонаҳои мардум бурда пухтем. Мо зиёд мехоҳем, то ин мушкил зудтар бартараф шавад. Мо наметавонем ҳамеша баъди омадани барқ шабона дар мактаб монем, дар ҳоле ки се моҳ боз маош нагирифтаем”.
Мӯҳр
сана
Бродарои азиз аз хамун бухорихои бобоги ва ангишту таппак намонед бехтараш сабр кунен то гусолаи мо бакар шавад.

Вазорати маориф
Хайр шукр кунед. Акалан бе барк шишта ба компютер нигох карда мешавад ку.

Муаллим
Барк нест ва дар солхои наздик намешавад,гуфт корманди шабакахои барки ва дар тобистон компютерхоро истифода баред

Ёд дорам солхои 2005-2006 дар мактаби мохам як компьютер доданд аз тарафи маъориф. Хато якборхам ба хонандагон нишон надодан. Директори мактабамон ба чиянаш,ки хонаашон дар назди мактабамон аст дод компьютери мактабро. У дар хонааш бозихои компьютери (диск) мемонд хонандахо рафта пул дода бози мекарданд.
Як суруди Рустами Нура мемонд "аруси малим намеши" гуфта 50 дирам мегирифт дар се минут.
Хама дарсгурезу бесавод шид баракс бамеди компьютер

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)