Бахшҳо
13 дек 2016 13:30Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро, имрӯз, 13-уми декабр Майтрипала Япа Сирисена, президенти Шри-Ланка дар назди қасраш истиқболи расмӣ гирифтаст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом горди фахрӣ саф ороста аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд: “Сипас мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистону Шри - Ланка бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умедворӣ менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри-Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард”.

Ҷонибҳо таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри - Ланкаро мувофиқи мақсад шумурдаанд: “Аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, барои таъсиси корхонаҳои муштараки гуногуни саноатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он барои омӯзиш пешниҳод гардид. Ҷалби сармояи Шри - Ланка барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи обии барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқи дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд”.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Майтрипала Япа Сирисенаро ба Тоҷикистон даъват намудаст ва президенти Шри-Ланка онро пазируфтааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена 4 санади дуҷониба ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки имрӯз ҳамчунин мулоқотҳои дигар бо намояндагони воломақоми ин кишвар дар назар дошта шудааст.


АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон

АКС: Имзои 4 санад ва даъвати Президенти Шри-Ланка ба Тоҷикистон
Мӯҳр
мухочир
Дар Шри-Ланка чойхои кори бошад, ки рафта дар он чой кор кунем, диламонро мухочирати кори ба Русия гирифтааст ва бисёр монда шудаем.илтимос ин масъаларо дида бароед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)