Матвиенко: ВКД барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, Вазорати умури дохилии ин кишвар барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад.
Матвиенко пешниҳод кардааст, ин уҳдадориро минтақаҳои Русия ба зимма бигиранд. Ӯ дар робита ба ин мавзӯъ гуфтааст, бояд манбаи даромади доимӣ роҳандозӣ шавад ва пешниҳод кардааст, як дарсади даромад аз иҷозатномаи кор барои хориҷ кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷудо шавад. “Марказҳои муҳоҷирон пур шудаанд, аммо бархе аз онҳо то ним сол дар онҷо ҳастанд. Мисле ки дар истироҳатгоҳ бошанд”,- изҳор доштааст Матвиенко.
Ин мақоми рус таъкид кардааст, бояд замони муайяне барои будубоши муҳоҷирон дар марказҳо таъйин шавад. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин масъала барои баррасӣ ба кумитаи амният ва буҷаи Шӯрои федератсия фиристода шудааст.
Тибқи омори ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар қаламрави Русия кор мекунанд. Дар пайи қабули қонунҳо дар умури муҳоҷирин ва таъсири таҳримҳо алайҳи Русия зиндагии муҳоҷирон дар ин кишвар ба сахтиҳои зиёд дучор шуд. Ҳазорҳо нафар аз ин кишвар депорт шуда, барои аз се то панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |