Зодаи Тоҷикистон мири шаҳри Белокуриха шуд
Як зодаи Тоҷикистон барои панҷ сол дар курсии раиси шаҳри Белокурихаи минтақаи Алтайи Русия такя мезанад.
Торнамои расмии ин шаҳри истироҳатии Русия менависад, вакилони шаҳрӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии худ рӯзи 14 декабр аз миёни се номзад Константин Бозоровро раиси шаҳри Белокуриха интихоб кардаанд. Бозоров қаблан раҳбарии маъмурияти ин шаҳрро бар зимима дошт. Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳр барои панҷ сол интихоб мешавад.
Константин Бозаров 21 феврали соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ соли 1991 Донишкадаи техникии Тоҷикистон, соли 2007 Донишгоҳи иқтисод ва идораи Новосибирскро хатм намудааст.
Солҳои 1986-1988 дар артиши Шӯравӣ хидмат намуда, аз соли 1992 ба ин сӯ дар Белокуриха зиндагӣ мекунад. Бозоров дар ширкатҳои “Теплоцентраль”, “Иттиҳоди хоҷагиҳои коммуналӣ”, маъмурияти Белокуриха (муовини аввал) ва “Водоканал” (сарвари кулл) кор кардааст. Моҳи апрели соли 2012 раҳбари маъмурияти шаҳри Белокуриха таъин шуд.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |