Бахшҳо

Баҳс дар парлумон: Солгарди шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад

Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 15-уми декабр дар парлумон пешниҳод кард, ки минбаъд солгарди таърихи шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад.

Акрамӣ дар посух ба суоли вакил Абдуҳалим Ғаффоров, ки омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм дар чӣ ҳоланд, изҳор дошт, ки беҳтар аст аз таҷлили солгарди таърихи шаҳру навоҳии кишвар худдорӣ намоем. Ӯ шарҳ дод, ки таҷрибаи таҷлили 3000-солагии Ҳисор ва дигар маҳаллу навоҳӣ боиси нофаҳмиҳо миёни мардум шудаанд.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар шарҳи бештари ин мавзуъ ба “Озодагон” гуфт, таҷлили солгарди маҳалҳо ҳатто миёни зиёиён нофаҳмиҳо ба вуҷуд овардааст: “Имрӯзҳо ҳатто овоза шудааст, ки таҷлили 5-ҳазорсолагии Данғара дар назар аст. Беҳтар аст, ки аз ин гуна ҷашнҳо худдорӣ кунем”.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон ба таври густурда 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3 ҳазорсолагии Ҳисор ва шаҳру навоҳии дигар ҷашн гирифта шуд.
Мӯҳр
Устод дуруст кайд кардаанд. Наход дар даврони бухрони иутисоди хам хамин хел корхоро ба таваккуф нагузоранд. Фикр кунед, ки дар хонадони як оила маблаг барои рузгузарони несту лекин хаваси туйу сурро доранд. Барои хамин бояд ба ин корхо "муваккатан" нукта гузошта шавад. Чи даркор аст. Масалан масрафи чашни 25 солагии Истиклолият зиёда аз 10 млрд сомониро дар бар гирифт. Хамон маблагро мешуд, ки барои рушди бонкхо масраф кунанд. Вале мардуми бечора, ки бо азоби зиёд маблаг чамъ карда, барои гирифтани хонаву дигар мушкилотхо ба бонкхо он маблагхоро монда буданд, имруз маблагхояшонро гирифта наметавонанд. Хукумат бояд барои халк хизмат кунад ва каамбудихои мардумро бартараф кунад, на ин ки ду се нафар истирохат карда гарданду халки бечора дар азобу машаккат гутта зананд. Озоди!!! Ту бисёр матлабхоро чоп намекуни!!! Намедонам барои чи ё шуморо барои ибрози андешаи хонандагон хам тахдид мекунанд. Охир охи мардумро шунидан даркор. Хохиш мекунам чоп кун!!

гафоров ба таърих коре надорад ба у чашну раксу суруд даркор мардака ноумед накунед мухтарам муаррихон

Донишчу
бахилако, монен чашн гиранд ба хамин бахона хамон шахру нохия як камтар руи ободира мебина...шумора чи дард шудааст, хама яксон зидди ободи, сулх ва пешрафт садо баланд мекунед...

Гаффоров гапи хака гуфтед. Барои чи 3000солагии Хисор 2700солагии Кулоб чашн гирифта мешаваду 5500солагии Саразм не? Маълум мешавад,ки Зикрие Акрами махалгарои дорад

Ахсан ба Зикрие Акрами
Барои як дег шурбо омада мардака чарима мекунан ки ту танзима риоя накарди Ана хаминхел чашнхо ки хазор хо сомони масраф мешавад дар ин солу замони бухрон лозим нест

Чамол
Акрами пешниходи бисёр хом кардаед. Мешуд, ки дар пешниходатон калимаи "муваккатан"- ро чой медодед, ана кор дигар буд. Лекин тачлили чашн кори дуруст аст, чунки бо ин бахона ин раисони ишкамсеркуни нохияхо як каме аз паи ободи хоханд шуд, вагарна аз масъулият дур мемонанд.

Бигзор 5000солагии Дангараям чашн гифта шава. Чаноби Зикрие Акрами чаро мухолифат нишон медихед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)