Бахшҳо

Мушкили Убайдуллоев дар пулгирӣ аз бонкҳо: 141 миллион мондаст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, мегӯяд 141 миллион сомонӣ пули буҷети пойтахтро аз бонкҳо гирифтан наметавонанд.

Ӯ имрӯз, 15-уми декабр зимни ҳисоботи солонааш дар Душанбе гуфт, вазъи пардохтпазирии бонкҳо барои буҷаи шаҳр низ мушкил эҷод кардааст. Ба гуфтаи Убайдуллоев андозсупорандагон 141 миллион сомонӣ маблағи андозро пардохт кардаанд, аммо ин маблағ ба буҷети давлатӣ интиқол дода нашудааст.

Бар асоси гузориши Убайдуллоев, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад, нақшаи қисми даромади буҷаи шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯи воридоти андозҳо 90,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 1 миллиарду 221 миллиону 371,2 ҳазор сомонии нақша ба буҷет 1 миллиарду 106 миллиону 668,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Ин нисбат ба нақша 114 миллиону 702,9 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 139 миллиону 759,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад”.

Ба гуфтаи раиси пойтахт ин ҳолат асосан бо вазъи пардохтпазирии бонкҳо ва фаъолияти ширкатҳои мобилии сабтшуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе рабт дорад.

Дар мавриди нақшаи хароҷоти маблағҳои буҷаи шаҳр иттилоъ дода шуд, ки тайи 11 моҳи соли 2016 ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ 1 миллиарду 83,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ин 78,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Мушкили ҳукумат дар гирифтани маблағҳо аз буҷа дар ҳолест, ки бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ наметавонанд маблағҳояшонро аз бонкҳои тиҷории кишвар дастрас кунанд.
Мӯҳр
Сохтмончӣ
Як мушкилии бонки доштам, хостам пеши ҳамин мардак ёрдампурсӣ равам, ҳоли ин аз ман бадтар будааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)