Бахшҳо

Баҳои Шумо ба кори яксолаи ҳукумат чӣ гуна аст?

Дар назар аст, имсол ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон 23 декабр, як рӯз баъд аз ироаи паёми Президент ба парлумон баргузор шавад. Бино ба иттилои расида, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки барои аввалин бор дар моҳи декабр доир мегардад, натиҷаҳои кори яксолаи ҳукумат ва нақшаҳо барои соли оянда баррасӣ мешаванд. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: БАҲОИ ШУМО БА КОРИ ЯКСОЛАИ ҲУКУМАТ ЧӢ ГУНА АСТ?

Алӣ АЛИЗОД, коршиноси масоили сиёсӣ
Мутаассифона, аз соли 2016 ҳеч кори хотирмони мусбате нахоҳам дошт. Мушкилоте ки дар солҳои гузашта доштем, ҳамчунон ҳал нашуда монданд: музди кору ҳуқуқи бознишастагии поин, дармону беҳдошти бад, мушкилоти ҳалнашудании барқ ва ғайра.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Корҳое, ки тайи як сол ҳукумати кишвар амалӣ намуд, ба назари ман бомуваффақият анҷом ёфтанд. Яъне, дар ин як соли ахир, аз паём то паём ба корҳое, ки ҳукумат анҷом дод, баҳои ман мусбат аст. Баъзе камбудиҳое, ки дар бахши иқтисод аст, аз ҷумла низоми бонкӣ фикр мекунам ин масъала дар Маҷлиси навбатии ҳукумат ҳаллу фасли худро меёбад. Ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз корҳои бисёр бомуввафақияти ҳукумат ба ҳисоб меравад. Бубинед, дар тӯли ин 25 сол Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурге ноил гардидааст. Яке аз дигар дастовардҳои муҳим ҷашни Ваҳдати миллӣ мебошад, ки соли равон дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон таҷлил гардид. Бастани маҷрои дарёи Вахш ва бунёди садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” яке аз бузургтарин дастовардҳои ҳукумат мебошад, ки барои расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ хеле ҳам муҳим аст. Дар бахши маориф бошад, сохта шудани садҳо макотиби таҳсилоти умумуӣ ва чанд донишгоҳу донишкада дастоварди муҳим мебошад. Дар маҷмӯъ, дар аксар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар пешравиҳои назаррас ба миён омадааст, ки аз кори самараноку муваффақонаи ҳукумат гувоҳӣ медиҳад.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон
Шарти асосӣ зимни баҳогузорӣ ба кори ҳукумат, агар сатҳ ва сифати зиндагии шаҳрвандон бошад, пас қаноатбахш гуфтани кори ҳукумат дар соли 20016 хеле мушкил аст. Ба назари ман замоне фаро расидааст, ки натиҷаи самаранокии кори хукуматро, ки дар заминаи қонунгузорӣ ва барномаҳои мушаххас амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама дар зиндагии худу пайвандону фарзандон ва макони зисту корхонаҳо ва баъд сиёсати дохилию хориҷӣ эҳсос бикунем. Азбаски зиндагии ман новобаста аз иродаю хоҳишам беҳтар нашуд, муҳити мусоиди иқтисодӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ташаккул наёфт, раҳбарони аксар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо мансабашонро ба манфиати худашон истифода мебаранд ва ба манфиатҳои миллат хиёнат мекунанд, бинобар ин, дар кори ҳукумат муваффақият дида намешавад. То замоне ки кормандони масъули ҳукумат садоқатмандии худро ба Президент на дар босалоҳиятию дарки масъулият, ташаббускору муносибати эҷодӣ ҷихати амалӣ намудани ваколатҳои хизматиашон эҳсос мекунанд, балки бо маддоҳию таммалуқ машғуланд, усули дугона воситаи муҳими муайянкунандаи самаранокии кори ҳукумат боқӣ мемонад. Коғаз забон надорад, ки эътироз ё муқовимат бикунад. Бинобар ин дар нақшаи ҳукумат ҳар чиро сабт кардан мумкин аст, вале барои таҳияи барномаҳои асоси воқеидошта, омили инсонӣ, ба хусус захираҳои зеҳниро новобаста аз робитаи хонаводагию авлодӣ ва маҳаллию ҳизбӣ ба кору фаъолияти ҳукумат дар ҳамаи сатҳҳо ҷалб бояд кард. Дар акси ҳол муваффақ будану ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас бидуни шак имконият надорад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Воқеан ҳам, агар ҳамин хел назар афканем, мо дар иқтисод ҳеч пешравие надорем. Бо вуҷуди он ки тӯли беш аз 20 сол як буҳрони иқтисодӣ дар кишвари мо идома дорад, мо ҳоло низ роҳи ҳалли ин буҳронро наёфтаем. Чун мо истеҳсолоте надорем, ки ба бозорҳои хориҷа мол бароварда бифурӯшем, бино бар ин дар мавриди пешравии иқтисод сухан кардан душвор аст. Дар низоми бонкдорӣ ҳам ба мушкилиҳои зиёде гирифтор шудем, ки масъулин натавонисанд пеши роҳи сар задани онҳоро гиранд.
Мӯҳр
Наҷим
...Ба лафзи Ғаффоров Абдуҳалим гувоҳам..

Дастаи иктисодии Хукумат хеле салохияти паст дорад. Усул ва услуби фаъолияти он эътимодбахш набуда, ба чалби кадрхои сохибкасб ба идораи давлати мусоидат намекунад. Хукумат аз гирехи хешу таборбози (непотизм) ва махалчиги озод нашуд. Баръакс, ин майлон суръати нав гирифт. Манфиатхои хусуси, гурухи ва идорави нисбат ба манфиатхои давлатию чамъияти афзалият пайдо карданд. Чунин холат, мутаасифона, эътимоди мардумро ба хокимияти давлати коста мегардонад ва барои ташакули фазои озоди ифодаи ташаббусхо созгор нест....

Инсон
Сабаби хамаи ин аз Ислом дур шудани мост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)