Бахшҳо

Далер Шарифов: Дар СММ мегӯям...

Раиси муҳтарам!
Ҷанобон ва хонумон, намояндагони кишварҳои узв!
Аз ин минбар ҳамеша ҷумлаҳои зебо ва шомили вожаҳои “таҳаммулгароӣ”, “ҳамзистӣ”, “озодӣ”, “демократия”, “ваҳдат”, “ҳуқуқи башар” ва “шарафу каромати инсон”-у ҳазорҳо сухани баланду боло садо медиҳанд.

Ҳодисаҳои ахири Ховари Миёна, ба хусус авзои сари мардуми мазлуми Ҳалаб омада тақозо мекунад, ки дипломатия ва ҳарфҳои сиёсатписандро канор гузошту пӯстканда ҳарф зад.

Шумо бо шиносномаҳои дипломатӣ аз роҳҳои дур дар тайёраҳои шик мерасед, ҷаласа мегиред, қаҳва менӯшед, қатънома қабул мекунед, вето мекунед, даҳшатафканиҳои инҷову онҷоро маҳкум мекунед, аммо кӯдакон дар Ҳалаб ба гулула баста мешаванд. Ҳоло, лаҳзае биандешед чӣ кардед?

Шумо аз ин минбар гап мезанед ва таҳлилгарҳо мегӯянд: “Ҳой, фалонӣ чӣ ҳарфи ҷолибе гуфт. Беҳмадонӣ чӣ фасоҳате дорад. Он дигарӣ чӣ дипломатияе дорад”.

Касе намегӯяд, ки тамоми инҳо муродифи дурӯғанд. Ҳамин Чуркин бо он изҳороти худ кори шуморо бар рухатон кашид. Чӣ қадар аз инсоният масофа дошта бошӣ, ки ҷуръати гуфтани чунин ҳарфро дошта бошӣ. Кӯдакон зери бомбафканҳои Русия ҷон медиҳанд. Ҳазорон тан дар тафи ҷанги абарқудратҳо месӯзанд. Чуркин баланд мешавад ва мегӯяд кӯдакони Ҳалаб бар рӯйи худ хоку ранг мепошад ва саҳнасозӣ мекунанд. Чаро набояд гуфт, ки он хок бар сари худатон?! Шарматон бод!

Шарматон бод, ки ҳар дақиқае, ки шумо болои ҳарфи ҳамдигар баҳс мекунед онҷо кӯдаке мефавтад. Манзиле тахриб мешавад ва як ҳавзаи фарҳанӣ ва таърих омоҷ қарор мегирад. Бемористон тавони пазириши афроди маълули маҷруҳро надорад. Пойро шикастабандӣ мекунанду пӯстро дарбеҳ. Ҳайфатон бод!

Тамоми чизро аз ин мардум дуздидед; оромиро, осудагиро фараҳу шодии тифлонро. Бар ивазаш ҳам бомбу рокетро барояшон арзонӣ доштед. Эй бехабарон ин кӯдакон ҳоло мазҳаб, дин ва манофеъ надоранд. Онҳо ҳоло дарк намекунанд, ки низом чисту абарқудрат кист. Ҳайфатон бод аз ин тасмимҳову амалҳоятон. Лаънат бар манофеатон!

Шумо ба хотири манофеъ он ҳам дар аксари ҳолат як курсии ғарқи хун инсониятро фаромӯш кардед. Шумо фашизмро аз байн набурдед, онро дубора зинда кардед ва ҳатто бераҳмтар аз он. Шумо, ки ваҳшонияти Гитлеро маҳкум мекунед, аммо айни онро такрор мекунед. Наход манофеи шумо рӯи ҷони кӯдакону занон ҳимоя шавад. Лаънат бар чунин манофеъ!

Дар ҳар кишваре, ки нооромӣ сар бизанад абарқудратҳо ҳатман ду қисмат мешаванд. Ба хотири “манофеъи миллӣ” ва “аз даст надодани муттаҳидони сиёсӣ ва стратегӣ” пушти тарафҳои даргир мавзеъ мегиред. Агар дикторуре аз кишваре ронда шавад барояш сарпаноҳ медиҳед. Чаро набояд ба аъмолаш бирасад? Хиҷолат бикашед!

Шумо аз ин ҳама пешрафту технология ҳарф мезанед. Байни ҳам барои дастовардҳоятон рақобат доред. Тамринҳои муштараки низомӣ мегузаронед. Иддаои фатҳи кайҳон доред. Тарсам аз он ки рӯзе барои он ҳам мардумро ба хоку хун мекашед. Ҳамагии шумо доктори илмҳои аҷибу ғарибе ҳастед. Яке низоъшинос ва дигаре дар риштаи тавсеа ва мудирият ин унвонро дорад. Саввумӣ сулҳофару ваҳдатгарост ва ҷоизаи сулҳи Нобелро дар сина дорад. Суол инҷост, ки чаро тамоми ин илм мунҷар ба ҷилавгирӣ аз хушунат намешавад??? Чаро бидуни кушта шудани кӯдакону занон масъала ҳал намешавд? Дигар ҷое барои ифтихори суханпароканӣ аз ин минбар намондааст!

Шумо таъсиси Созмони миллали муттаҳидро бузургтарин дастоварди асри 20 медонед. Ҳоло, чаро ин дастовард дар ҳаллу фасли даргириҳо дасткутоҳ аст? Пас, дигар набояд намояндаҳои кишварҳо аз номи мардум ҳарф бизананд. Фаровон дидаем, ки фосилаи ҳарфҳои онҳо аз мардум фосилаи замину асмонро дорад.

Замоне фаро расидааст, ки кӯдакони сурӣ бояд, инҷо, аз ин минбар гап бизананд, на чуркиниён.

Ҳарфи охир:

То вақте дар Афғонистон, Фаластин, Сурия, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ... мардуми осоишта мемиранд, кӯдакон кушта мешаванд, милёнҳо мардум овора мешавад, шумо оҷизу нотавонед. Вақте шумо ба ҷои кӯмак боз болои мардум рокету бомб мепартоед, инсон нестед. Вақте шумо бо номи Созмони миллали муттаҳид даври ҳам ҷамъ омадаву аз баробарӣ, озодӣ, таҳамулгароӣ, ваҳдат, сухан мегӯед, вале дар Ҳалаб кӯдакон мемиранд, пас шумо дурӯғ мегуед. Шумо рӯи худ ниқоб гузоштаву ҳарф мезанед.

Биёед ниқобҳоро канор гузоред ва бо диду чеҳраи инсонӣ ба ҳодисаҳои ахири олам нигаред.

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
ОФАРИН БА АКЛИ РАСОВУ ИМОНИ КОМИЛАИ.
ХУДО АЗ ШУМО РОЗИ БОШАД БАПОДАРИ ИМОНИ ОМИН

Салом ва дуруд бар Миллати Шарифи Точик,ва корбарони сомонаи Озодагон!
Аллох бар Шумо чазои хайр бидихад!
Хело кам инсонхое дидан мумкин, ки исмашон ба сифаташон яксон бошад.
Банда сад дар сад хамфикри шумоям.

Воиз
Далерчик чаро дилат ба кудакону заноне намесузад, ки ДИИШ МЕКУШАДУ ГУЛОМ МЕКУНАД... Худата вечно доно мегири ва пардапушона фанатизми динира пуштибони мекуни, фикр мекуни и мардум галу аст, ки намедонад ту ки хасти...

2505
Воқеан зулм болои мардуми мусулмони ҷаҳон хеле зиёд шудааст. Эй кош Худованд дасти ин золимонро кутаҳ созад ва ин ҳама дарду ранҷро аз болои сари эшон дур созад.
Бисёр дилам месузад аммо чи илоҷ...

модари Омина
Худованд падаратро рахмат кунад бародар Далер. намедонам чи гуям бигирям е бехтараш бимирам то ин ноадолатиро набинам.

Ахсан бародар бо ин нигохи озоду ибрози акидаат. Вокеан вокеиятро гуфти. Вале афсус чуноне гуфти касе никобро гирифтани нест.

Хакикат
Чаро Русияро айбдор мекуниву сабабгори асосии хаоси Ховари Миёна- Амрико ва сагхои вафодораш - шохону шайхони арабро ном намегири!?!? Магар Асаду Сурияи дуняви аз исломихои салафии вахши хазорхо маротиб хуб нест?

Далер, ту дилат ба кудакони Халаб намесузад!!! Ту аз нигохи як мусулмони сунни сухан мегуи, ки бечора Асади алавиро чашми дидан надорад! Чаро ту нисбат ба вахшонияти ба ном мухолифини Асад хомуши?!? Кудаки хурдсолро зери шиори такбири араб сар заданд, чаро калимае нанавишти???!!!

Офарин, Далер! Саломат бошеду сарбаланд!
Аммо кай аз минбари СММ баланд мешавед ва ин ҳарфҳоро хоҳед гуфт(((

Мусалмон
Аллохи мехрабон нигахбонат бародари азиз бехтарин суханхо

Фикр мекунам ин бетартибихо хамааш як (тичорат) аст ,вактеки хамаи мушкилихову хакикатро бо маблагхои калон харидори ё фурухта мешавад .
Конун хукук ин мафхумхо аз байн мераванд ,бо маблагхо иваз мешаванд
кадри одаму одамгари аз байн меравад.
Гуфтанихо хелохам зиёданду ,он фазое ки барои гуфтанихо бояд бошад озодона мутасифона вучуд надорад ,на бо хама хуш меояд ,боз мегуям танхо бо (маблагхои калон) халу фаслашонро дида мебароянд на аз руи конуну одамгари...
Петар солхои пеш як одамро катл мекардед ин чинояти нобахшидани бо хисоб мерафт ,холо бошад бомбаборон мекунед миллионхоро мекушанд гуё хеч гап нашудааст.
Хамон замон озодиву одамгари ба миён меояд,ки Конуну хукук дар чои авал бошад ,на боигарихову ва на он доллархои захролуд....

мунодӣ
ҳақиқати гапа зади шери нар

Замир
Пешниҳод мекунам инбо инглиси ва руси низ тарҷму шавад!

Ф
Салом! Бародар Далер шумо ба таблиготи тундравхои исломи дода нашавед. Бисере аз ин наворхо голливудианд, онхо пеш аз хиенат кардан ба ватани ободу зебояшон бояд андеша мекарданд,ки чунин балое ба сари ин миллат меоранд. Вакте ин хунхурхо бештари Сурияро ишгол карда, сар мебуриданд хама хомуш, инсоф набошад окибаташ хамин. Ин тундравхо хамеша орзуи марг доранд, пас кудаконро сипар накунанд, мард шаванд майдон холи, дуне аз ифлосхо камтар мешавад.

Ахсан бародар Далер! Дар вокеъ ана хамин гуна суханхо бояд аз минбари СММ садо диханд, аммо баръакс хисоботу суханхои бардуругу бофта садо медиханду халос!

Бехтарин суханхо ! Хурмат мекунам чунин ашхоси гамхори мардумро! Хамеша зинда бошеду ба хама максади некатон худованд расонад! Тарафдори Шумо хастам ва бовари дорам, ки бо чунин амали некатон (чахон хам тарафдори Шумоянд). Харгиз аз ин рохатон руй нагардонед Худованд ёрирасони Шумост, кушиш кунед факат. Фурсату шароит бошад ман хам аз хамон минбар овоз баланд мекунам. Худо нигахбон бошад Шуморо! Озодагон рахмат бо чунин хабархо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)