И.Зиёев: Дар "Сафед-Дара" беш аз 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст
Муовини раиси ширкати “Фароз” мегӯяд, то имрӯз дар мавзеи истироҳатии "Сафед-Дара" беш аз 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Исматулло Зиёев ин нуктаро имрӯз, 17 декабр дар мавзеи Сафеддара дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз шартҳои асосии тендери базаи лижаронии "Сафедорак" барои ғолиб сармоягузории 40 миллион сомонӣ буд, аммо онҳо зиёда аз 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардаанд: “Теъдоди кормандон аз 100 нафари қаблӣ ба 300 нафар расонда шуд ва ҳамаи онҳо сокинони маҳаллиянд”.
Исматулло Зиёев афзуд, дар назар аст рӯзи 24 декабр хатти нави ҳавоӣ ё роҳи танобӣ, ки бо техноглогияи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дарозии ин роҳ то 2 км буда, таҷҳизоти он аз Австралия оварда шудааст.
Баҳодур Исҳоқов, сарвари кулли "Сафед-Дара дар ҳузури журналистон изҳор дошт, нархи хизматрасониҳо бо дарназардошти тамоми ҳароҷотҳо барои як шабонарӯз аз 300 то 500 сомониро ташкил медиҳад: “Нархи хизматрасониҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиҳо як хел аст. Дар назар аст, моҳи феврал арзиши хизматрасонӣ то 20 дарсад поин бурда шавад”.
Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-Дара” дар гузашта ҳамчун мавзеи Сафеддорак маъруф буд. Ин маҷмаа 6 августи соли равон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |