Бахшҳо
19 дек 2016 11:49Тоҷикистон / Сиёсат

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимоят аз Ҳинд дар СММ ва СҲШ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ваъда додааст, ки аз номзадии Ҳиндустон барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва узви доимии Шӯрои амнияи СММ ҳимоят мекунад.

Расонаҳои ҳиндӣ навиштаанд, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни сафараш ба Ҳиндустон, ки ахиран анҷом ёфт, баён доштааст.

Ба иттилои манбаъ Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаи мубориза алайҳи ҳимояти молии терроризм ва пулшӯӣ қарордод имзо кардаанд. Ба ин тартиб Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст ҳукумати Тоҷикистон дар ростои суботи Афғонистон бо Ҳиндустон кор хоҳад кард: “Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар минтақае қарор доранд, ки дучори таҳдидҳои амниятии гуногун аст. Муқобилият бо терроризм бахши муҳими ҳамкориҳои мо мебошад. Мо ҳамкориҳои худро бо Ҳиндустон дар заминаи дифоъ ва муқобила бо терроризм шиддат мебахшем ва барои суботи Афғонистон кор хоҳем кард”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар шаҳри Деҳлӣ бо Сиривас Ходай, раҳбари “Ходайз гупп Индастрис” мулоқот карда, сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб - “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2” ва “Фондарё”-ро баррасӣ кардаанд. Созиш шудааст, ки баъди омӯзиши лоиҳаҳои мазкур хулоса ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин бо ҳамтои ҳиндияш Пранаб Кумар Мукерҷӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, ӯро даъват намудааст, ки дар фурсати барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биорад: “Даъват бо изҳори хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки вақти сафар тариқи муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)