Бахшҳо
22 дек 2016 10:24Тоҷикистон / Сиёсат

Президент дар бораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва сенарияи монанди Сурияву Ироқ...

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон изҳор дошт, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 дар Тоҷикистон бо дахолати кишварҳои хориҷ сар зад.

Ба таъкиди Президент, ибтидои солҳои 90-и асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи бархе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дарёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, тамоми бадбахтиҳое, ки дар Тоҷикистон солҳои 90-ум шуда гузашт, айнан дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Яман дида мешавад: "Қавмҳо ва мардумони ин давлатҳо гуноҳе надоранд”.

Раисҷумҳур дар идома афзуд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро даҳсола ба ақиб бурда, мардумро маҷбур сохт, барои бартараф кардани хисороти он солҳо захмати шабонарӯзӣ бикашанд.
Мӯҳр
Дӯст
Ҷанг дар ҳамаи давру замонҳо хонумонсӯз буд ва чунин мемонад ва аз он ҳам бадтар мешавад. "Қавмҳо ва мардумони ин давлатҳо гуноҳе надоранд”. Бале Ҷноби Олӣ, беҳтарин сухан. Мо ба гуфти Шумо шукронаи ин давлат мекунем, шукронаи ин Ватан мекунем, шукрона мекунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем. Зинда бод Ҷаноби ОЛӢ!!! Зинда бод Тоҷикистон!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)