Бахшҳо

Сабабҳои “таниши ҳавойӣ” миёни Душанбеву Маскав дар чист?

“Танишҳои ҳавойӣ” миёни Тоҷикистону Русия, ки дорад бештар доғтар мешавад, мавзӯи баҳс дар доираҳои мухталифи ҷомеа шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар ҳамин баҳсро ба миён мекашанд. Зимнан, “Озодагон” ҳам аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид, ки сабабҳои ин танишро дар чӣ мебинанд?

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос
Ин масъала сиёсӣ набуда, иқтисодӣ мебошад. Ин ҷо масъалаи манфиатҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия аст. Аз ин корҳо муҳоҷирони меҳнатӣ зарар мебинанд ва он ба муносибатҳои ду давлат таъсирӣ манфӣ низ дорад. Он ширкатҳое, ки дар фурудгоҳи “Жуковский” кор мекунанд ва ба баъзе аз гуруҳҳои манфиатдор дар дохили ҳукумати Русия вобастаанд, аз ин ҳолат истифода карда, ба мавқеи ҳукумати Русия таъсир расониданд.

Раҷаби МИРЗО, рӯзноманигор
Шояд Кремл мутмаин буд, ки Душанбе то поёни соли 2016 дар масоили барои Русия стратегие, чун пайвастан ба узвияти ЕвразЭС тасмими барои Кремл мусбату мувоффиқ мегирад. Шояд ин интизорро доштанд, ки дар паёми ахири президент Раҳмон ишорае дар ин замина сурат мегирад. Вале, тавре дина шоҳид будем, Раҳмон ба бахши сиёсати хориҷӣ хеле кам аз ҳар вақти дигар ист намуд ва ягон паёми мушаххас ба ягон самт надод. Таваҷҷуҳ кардед, ки “ҷангҳои ҳавоӣ” ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз рӯзи паём гӯё ҳал ва баьди ироаи паёми Раҳмон аз нав “гарм” шуд. Душанбе низ ҳоло паст омаданӣ нест ва тавре шоҳид шудем, тибқи хабарҳои ахир парвози як ширкати русиро қать кард. Ин дар ҳоле ки Кремл соли равонро соли худ ҳисоб мекунад, ки дар иқдомгириҳои байналмилалӣ ҳарфи онҳоро ба назар мегиранд ва шояд сахт барошуфта ҳам мешавад, ки як ҳукумати аз онҳо сахт вобаста “нописандӣ” дорад. Агар чунин ҳарфу садо ҷо дорад, шояд Маскав чанд “қартаи иловагӣ” ҳам дорад, ки онҳоро истифода мекунад. Ба ҳар сурат, мо ёд надорем ягон баҳсеро бо Душанбе, ки Маскав аз он бе ҳосил баромада бошад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин дафъа чӣ хоҳад кард, саволи хеле мушкил аст. Хоса, пас аз он ки дирӯз ҷаноби Раҳмон рӯи манфиатҳои миллӣ исти бештар кардан мехост. Аз табъу кайфияти ӯ дирӯз дар вақти ироаи паёмаш, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳукумат феълан посухи муносиб барои “сиёсати дарҳои боз”-и худ пеши таъинкунандаҳои сиёсати минтақавӣ пайдо накардааст.

Рустам ЛАТИПОВ, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Қатъ гардидани парвозҳо муваққатӣ буда, ҳалли худро меёбанд. Ин сирф мушкили иқтисодӣ мебошад. Муаммоҳое, ки манфиатҳои тарафҳоро дар бар мегиранд, сабаб шуд, ки парвозҳо қатъ шаванд. Аммо ман фикр мекунам, ки ҷониби Тоҷикистон бояд манфиатҳои худро дар ин масъалаҳо ҳифз кунад. Қатъ шудани парвозҳо бар зарари ҳарду ҷониб мебошад. Фикр накунам, ки барои муввақатан қатъ шудани парвозҳо муносибатҳои дуҷониб сард шаванд.

Ҷонӣ САФАРЗОДА, муоҷири меҳнатӣ:
Ҷанги нафси киссаӣ, ки дар паси ин ширкатҳо пур мешаванд. Агар ин ба фоидаи муҳоҷирон бошад, ҳеч кас даъво ҳам нахоҳад кард. Барои ҳамин дар ин ҷо чамш ба маблағи муҳоҷирони бечора алло кардан аст ва аз ин истифода мебаранд. Беҳтараш ин ҷо метавонистанд, ки ин муборизаро аз нархҳо сар кунанд. Ширкатҳои тоҷикӣ бениҳоят нархҳои қиммат доранд. Ман ду маротиба тавассути ширкатҳои ватанӣ парвоз кардам: ҳавопаймо дер омад, интизор шудем, роҳбаладҳои ҳавопаймо муомилаи хуб надоштанд ва болои ин 6 соат парвоз буд. Ин боис шуд, ки ман аз ширкатҳои ватанӣ истифода намебарам. Дигар ин ки Тоҷикистон хоҳад, нахоҳад гуфтаи Русия мешавад. Ман намедонам, ки барои чӣ даъвоҳое, ки медонанд ҳалли худро намеёбад, пешниҳод мекунанд?

Каримҷон ЁРОВ, роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик --“Этмос”
Ин мушкил дер давом намекунад, чунки дар Тоҷикистон бар зарари кисаи худ кор намекунанд. Аммо бояд таъкид намуд, ки инҷо гап сари баробарӣ намеравад, Тоҷикистон он қадар ҳавопаймо надорад, ки баробариро таъмин созад. Гапи асосӣ аз даст додани “монополия” ва нарху наво аст. Бубинед, нархи парвоз ба вилояти Ош ва шаҳри Бишкеки Қирғизистон, ки бо шаҳру маркази Тоҷикистон қариб дар як масофа ҷойгиранд, то се баробар фарқ мекунад. Магар қирғизҳо нафти худро доранд ё рост аз Русия бе гузаштани дигар давлатҳо ба давлати худ мерасанд? Агар гап дар сари нафт бошад, Тоҷикистон чаро аз дигар давлатҳо бо нархи арзонтар онро харид намекунад? Инҳо ҳама як баҳонае беш нестанд. Шарти асосии Тоҷикистон дар асл ин аст, ки нархи чиптаҳо поён нараванд ва аз русҳо талаб мекунанд, ки бо нархи пешниҳодкардаи онҳо парвоз кунанд.
Мӯҳр
Сабаби сиёси дорад ба хамаи мо маълум аст ки ба наздики барои парвози баййни Душаннбеву Тошканд дар кадом сатх хал шуд .Барои хамин ман фикр намекунам ки хам дар Точикистон ва хам дар Руссия вазирон озодона аммал кунан . Албатта дарин чо на факат ширкатхои хавои асосан мухочирони мехнати мо азоб мекашан ва зарбаи аввалро онхо мехурнанд .Ба фикри ман мумкин ки ба катъи алока ё боз чун харвакта ба акибнишинии мо анчом меёбад

Мухтарам Озодагон !
Банда бисёр хурсандам ,ки хабархои тоза ба тоза тавасути шумо дастрас мекнам.
Аслан мехостам нома ба ё инки мурочиат бо мухтарам Рустам Латипов арзи худро бирасонам . Харчанд ин мушкилотро "сирф иктисоди" ном бурдед банда бо шумо рози шуда наметавонам ,мумкин ин мушкили барои шумо хатто сирфхам набошад ,лекин барои мухочирон (кухбарин) мушкилист.
Катъ гаштани парвозхо бар зарари ду чониб нест ,Русия давлати (нодонак) нест барои хисобашро баробар кардан бисёр рохое дорад,ки истифода барад . Яке аз онхо аз хисоби мухочирон (нархи патент ,чаримахо ва аз инхам зиёд роххояш мавчуданд) ,мо бо кадом рох ,нафт надорем газ надорем корупсия пора гутта задем ....
Аз ин бахси шумо танхо ,мо ва ширкатхоямон зарар мебинем , ачоиботаш дар он аст ки то ба кай дидаву дониста хакикатро руйпуш мекунем ва окибаташро азобашрохам худи мо мебинем.
Таърих гувох аст,ки ягон маротиба ягон бахсро бо манфиати мардуми ТЧ хал накардаед ,сукут карда зери фишори Русия ва инхам бошад хулоса бо манфиати Русия хал шудааст ,наход то хол (дарс) нашуда бошад.
Ман аслан фикр мекунам агар Озодагон бо нашр расонад ин хакикат аст ,хохем ё нахохем чунин аст.

Тамошобин
Ба гапхои мухтарам Рачаби Мирзо 1 000 000% розиам

"Барои чӣ нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷойҳо қиматтар аст" - гуфта ин масъаларо чанд муддат пеш ВАО бардошта буд. Ана барои чӣ! -инҷо гап дар бораи "сговор"-и авиакомпанияҳо меравад. (Албатта хизматрасонии аэропорту нархи баланди сузишворӣ ҳам нақши худро мебозанд).

Ман тарафдори хам ширкати ватани ва хам ширкати русси нестам. Дар хакикат ширкати ватани хамеша барои кимат кардани чиптахо ва даромади зиёд кушиш мекунад. Чунин холат дар хамаи сохахои кишвари мо вучуд дорад. Гуё ки кишвар намехохад осудагии шахрвандонашро. Лекин аз тарафи дигар намехохам ки Руссия хамавакат хоча бошаду мо гуломи у. Хар чи ки Руссия хохад ва моро ба хар рох барои ичрои хохишаш мачбур мекунад. Инро чунин фахмидан мумкин ки Руссия хавасманди пешравии иктисодии мо нест. Пас мушкил шавад низ бояд Руссияро мачбур ба рости кунем. Бовари дорам, ки Руссия худ кат кард ва худ огоз мекунад. Хукумати Точикистонро мебояд каме ру тарафи Амрикою Эрон кунад ва мебинед реакцияи Руссияро. Чи тавре ки солхои пеш Узбакистон чунин рохро пеш гирифту ва сохиби имтёзхою обу изат аз тарафи Руссия гашт.

Як кор кардан мумкин билетхора 4000рубл мекуни дигар самолетои рус намепаранд аз душанбе бошад 400 сомони мекуни аз хама хубаш хамин тамоми мардуми точик хурсанд мешавад

Muhojir
Fikr mekunam mushkili sari narhu navo nachandon zijod ast,mushkili in hudsarona "yamalro" ba Tojikiston rohi kardani гуруҳҳои манфиатдор дар дохили ҳукумати Русия, prichem hudsarona, be dogovor sui Tojikistoni sanghurda rohi kardan shud,in ba hukumati tojik makul nashud...hub shud ki makul nashud...Ohista -ohista az rusho dur shudan ba manfiati tamomi Tojikiston ast.

мухочир
Ширкатхои хавоии точик инсоф надоранд, нарххои чиптахояшон бисер кимат мебошанд. Ширкатхои руси бисер боинсоф хастанд,нарххояшон арзон. Мо тарафдори ширкатхои руси хастем.

Кухистони,
Дар хакикат кухистони будаи ..
Он фикрхое,ки дар саратхаст ,алакай 50-60 сол дер шудаги . Замона дигар шудаги хозир барои бахс кардан хам маблагу ва хам дипломатхои хуб лозиман ,мутаъсифона дар мо нест .
Давраи бозоргони аст ,бо хамин хотир дар хама руи дунё (акция) ташкил мекунанд хатто ширкатхое хастанд бепул хизмат мекунанд бо мардум .
ТЧ мавридхое мешавад,ки хамон ёрдамхоро бо хар роххо (тагабозиву хешу табориву хулас бо хар рохе) бо бозорхо бароварда хакки камбизату нодоронро савдо мекунанд. Пас чихел бо як давлате,ки хам дар сиёсату нафту газ кудратманд аст ракобат кунад?
Аз тарафи дигар нигох кунем ин як сабукие бо мардум аст ,бо мухочирон бо чи азобхое як тика нон меёбанд барои фарзандонашону падару модару дигару дигархояшон ,боз нархи парвозхо кимату осмони
Як ду ширкате,ки на онкадар бо мардуми одди манфиатовар аст баста шаванд хеч гап не ,фикри миллион нафаронро кардан лозим аст.
Эрон мегуед алакай аз мо руй гардондаги ,мана президенташ бо мамлакатхои Осиёи Миёна сафар карда истодааст гуфтушунидхо доранд.
Лекин дар фикраш бо ТЧ хамзабонаш омаданихам нест,чихел мо бо вай руй гардонем ,фикр мекунам бо Эронхам чунин рафтор кардем ана натичааш.
Холохам дер нашудааст бо Русия забон як кардан хам шарту хам зарур аст ,вагарна бо (пушт мезанем) касе ёри намерасонад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)