Бахшҳо

Нашри 2 видеои шикор дар Помир ва даъвати ҷаҳониён (ВИДЕО)

“Profihunt” ва дигар ширкатҳои маъруфи саёҳӣ бо нашри навори шикори бузу гусфандҳои кӯҳӣ дар Помир таблиғи шикор дар Тоҷикистонро оғоз кардаанд.

Profihunt имрӯз, 27-уми декабр бо нашри ду навори бобарори шикор дар Помир ҷаҳониёнро ба шикор дар Тоҷикистон даъват намуда, хидматҳои худро ироа кардааст.



Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои шикори ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла гусфанди Марко Поло ҳудуди 80 квота ҷудо мекунад. Арзиши як иҷозатнома барои шикори Марко Поло ҳудуди 45 ҳазор сомонӣ ва барои пармашох беш аз 200 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Дар ҳоле, ки шикори ҳайвонҳои нодир барои бархе манбаи даромаду барои гуруҳи дигар саргармӣ мебошанд, ҳомиёни вуҳуш барои манъи шикори ин ҳайвонҳои камшумор пофишорӣ доранд.



Аммо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон иддао доранд, ки бархилофи солҳои пешӣ феълан теъдоди ҳайвонҳои нодир дар Тоҷикистон муътадил буда, хатари азбайнравии комил вуҷуд надорад. Ба иттилои ин ниҳод дар пайи мониторинг муайян шудааст, ки саршумори гусфанди Марко Поло ба 23-25 ҳазор ва теъдоди бузи куҳии пармашох, ки танҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон зиндагӣ мекунанд, феълан ба 1 ҳазори 500 расидааст.
Мӯҳр
БОЗ МЕГУЕД КИ ПОМИР ДАР ДОТАЦИЯИ МОЛИИ ХУКУМАТ АСТ. МИННАТ ХАМ МЕКУНАНД. АНА ДАРОМАДАШ КУЧО МЕРАВАД. САНГХОИ КИМАТБАХО, ЛАЪДУ ЕКУТУ ТИЛЛО ВА УРАНАШРО НАМЕГУЯМ.

Мерганбой
Гусфанди кухи - архар, ва бузи кухи - морхур ном доранд.

Агар ,хамин саехон гусфанду бузхои нодири Точикистонро паронда нест мекардаги бошанд,ба фикрам сад солба омаданашон зарур нест. Барьакс бояд мамнуьгоххои табииро нигох ва эхтиет кард,чун дар дигар кишвархои дунье .Барои пули пучак шуда ,ингуна сарватро аз даст додан мумкин аст, баьд пушаймон мешавед.Охир хамон хайвонои бечора аз парон парони Толибон гурехта ватани ором фикр карда Точикистон гузаштаанд, лекин надонистаанд,ки дар инчо низ хатар хаст. О,баред хамон туристои зормондаро расм гиранд ё навори видиои гиранд ,мешудагист, ё хатман якто дуто хайвона каштан лозим чи !?

Архар калимаи туркӣ мебошад. Бо забони маҳаллӣ ин ҷонварро "мешак" ва ё меши кӯҳӣ мегуянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)