Э.Раҳмон гуфт, Тоҷикистон хостори бекор кардани виза бо Узбакистон аст (ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон хостори бекор ё сода кардани низоми раводид бо он кишвар шудааст.
Дар ин мулоқот, ки дар Қасри Миллат баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон аз ташаббуси Тошканд барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар истиқбол менамояд. “Кишвари мо хостгори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад”,-таъкид намудааст Президенти Тоҷикистон.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд: “Тавре таъкид гардид, пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз сад санади ҳамкориро дар бар мегирад, ки татбиқи амалии онҳо барои ҳар ду кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд”.
Манбаъ мегӯяд, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешавад: “Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд”.
Рустам Азимов дар раъси як ҳайати расмӣ сешанбеи 27 декабр вориди Душанбе шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |