Бахшҳо

Э.Раҳмон дар Сафед-Дара: Варзиши зимистонаро тарғиб кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми декабр дар ноҳияи Варзоб марҳилаи дуюми маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара»-ро ба истифода дод, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меоварад, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад: “Дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд”.

Манбаъ афзуд, ки дар ин маҷмаа баъди таъмиру навсозӣ ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 140 адад воситаи болобарандаи одамон (бугел) доранд: “Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» дар заминаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Австрия дар масофаи 2027 метр «Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ» сохта ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме аз ин таҷҳизот то 8 нафар метавонад ҷойгир шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин мавзеи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд дода, аз масъулини соҳа талаб намуданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон ва тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат бештар мусоидат намоянд.

Аввали соли равон Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи тиҷоратии кишвар дар Бритониёи Кабир раҳбари Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан бо нашри як иттилоия хабар дода буд, ки Соҳибов барои рушди намудаҳои зимистонаи варзиш барномаи хубро пешниҳод кардааст. Ин ниҳод таъкид карда буд, ки таҷдиду бунёдкориҳо дар Сафед-дара низ маҳз бо дастгирии Шамсулло Соҳибов сурат гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон имрӯз изҳори боварӣ кард, ки дар ояндаи наздик мавзеи Сафеддара ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷойи дӯстдоштаи сокинони мамлакат ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ табдил меёбад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри аҳамияти саёҳӣ афзуд, “тибқи хулосаи мутахассисон дар сурати таъмин намудани рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меояд, ки саҳми соҳа то соли 2020 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоизро ташкил намояд”.

Ӯ илова намуд, ки бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки мақоми ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд: “Мо бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмони иншооти сайёҳиро аз пардохтҳои андозиву гумрукӣ ва инчунин, аз соли 2017-ум ширкатҳои сайёҳиро дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод менамоем”.
Мӯҳр
Сайёхи яке аз сохахои сердаромади кишвар мебошад. Пешравии соха, андаке хам бошад ба гани гаштани бучаи давлат мусоидат мекунад. Махз захматхои ПЕШВО дар пашрафти ин соха, ба хотири мухайё сохтани чойхои корию даромади соф ва истирохати шахрвандон мебошад. Ахсан ба ПЕШВО, ки дар пешрафти хамаи сохахои хочагии халк дастурдиханда ва шахсан сахмгузор мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)