Бахшҳо

Сафири Амрико дар Душанбе: Озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад

Сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон озодии диниро яке аз ормонҳои арзишманди Амрико ва меъёри марказии демократия унвон кардааст. Элизабет Миллард ин нуктаро дар матлабе бахшида ба Рӯзи озодии динӣ, ки 16 январ таҷлил мешавад, таъкид намудааст.

Дар ин матлаб, ки нусхаи он унвонии “Озодагон” ҳам фиристода шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, “Ҳукумати мо мутмаин аст, ки озодии динӣ барои таҳкими демократия ва ҳар намуди озодӣ омили асосӣ мебошад. Дар давлатҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар байни манфиатҳои дигар, аҳолии солимтар, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва инчунин даромади баландтар ба назар мерасад”.

МАТНИ КОМИЛИ МАТЛАБИ ХОНУМИ САФИР ПЕШНИҲОДИ ХОНАНДА МЕГАРДАД:

“Давлати мо ҷавон аст, вале дар он эҳтироми бисёрсола нисбати озодии виҷдон вуҷуд дорад. Дар соли 1786, хеле пеш аз шудани Президенти сеюм, Томас Джефферсон қонуни Вирҷинияро оиди озодии динӣ ҳимоя мекард. Қонуни мазкур намунаи ҳифзи озодии динӣ гардид ва дар Конститутсия ИМА инъикос шуд. Ҳар сол 16 январ амрикоиҳо ва дӯстони онҳо ин ормонро ҷашн гирифта, дар бораи аҳамияти озодии фикрӣ, озодии виҷдон ва озодии эътиқод мулоҳиза мекунанд.

Аз лаҳзаи омадани муҳоҷирони аввал ба Иёлоти Муттаҳида, одамон аз анъанаҳои динии гуногун ба як миллати гуногуншакл муттаҳид шуданд. Барак Обама аҳамияти тағирнопазири озодии диниро таъкид карда, гуфт: «Вақте ки одамон аз ҳамаи динҳо пазируфта мешаванд, узви комилҳуқуқу баробарҳуқуқи ҷомеаи мо ҳастанд, ҳамаи мо қавитару озодтар мешавем».

Дар ҷомеаҳои бисёр пайравӣ кардани ин ормон ба осонӣ намеояд. Тахминан дар 24% давлати ҷаҳон, ки дар он 74% аҳолии замин зиндагӣ дорад, маҳдудиятҳои назаррас дар масоили озодии динӣ вуҷуд дорад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки дар сурати риоя накардани ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳукумат, аз он ҷумла озодии динӣ, роҳ барои тундгароишавии шаҳрвандон кушода мешавад ва дар натиҷа баъзе табақаҳои аҳолӣ барои паёмҳои экстремистӣ ва васвасаи ҳамроҳ шудан ба созмонҳои экстремистии хушунатомез осебпазир мешаванд.

Барои ҳифз аз чунин ифротгароӣ ва татбиқи пайравии мо аз гуногуншаклии динӣ Иёлоти Муттаҳидаи фаъолона талош дорад, то ҳифзи озодии диниро ба дипломатияи кишварамон ворид кунад. Ҳукумати мо мутмаин аст, ки озодии динӣ барои таҳкими демократия ва ҳар намуди озодӣ омили асосӣ мебошад. Дар давлатҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар байни манфиатҳои дигар, аҳолии солимтар, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва инчунин даромади баландтар ба назар мерасад.

Иёлоти Муттаҳидаи омода аст бо дӯстону шарикони худ ҷиҳати дастгирии плюрализму гуногуншаклии динӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Мо боварӣ дорем, ки озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад”.

Элизабет Миллард Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аст. Қабл аз ин ӯ дар Вашингтон дар ҳайати Котиби давлатӣ Ҷон Керри фаъолият намудааст. Пештар хонум ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар ш. Астана, Қазоқистон ва сардори Консулгарии генералии ИМА дар ш. Касабланка, Марокаш фаъолият кардааст. Хонум Миллард фарзанди корманди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, дар мамлакатҳои хориҷӣ ба воя расидааст. Ӯ дар макотиби Дания, Шветсия ва Тунис таҳсил кардааст. Хонум дар Мактаби иқтисодии Лондон таҳсил кард ва Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро хатм намудааст. Хонум Миллард ва ҳамсари марҳумаш соҳиби панҷ фарзанд ва шаш набера ҳастанд. Дар вақти холиаш ӯ бо пухтани хӯрок, машқҳои варзишӣ, мутолиаи китоб ва гӯш кардани мусиқӣ машғул аст.
Мӯҳр
Намозали
Апаи сафир, хам дар "наъл мезанеду хам дар пошна" Ин тавр, ки бошад, Трамп барои чи гуфт, ки агар Президент шавам, омадани мусулмонхоро ба Амрико мамнуъ мекунам...

Оникс
Хонуми сафир бисёр суханҳои мақбул гуфтанд. Гапи косаро заданду нимкосаашро не. Барои Амрико ҳамчун як абарқудрат даркор аст ки дар дохили дигар давлатхо гурӯҳҳои ҳархела ҷойгир бошанд. Намунааш Ироқу Сиррия.
Озодии виҷдон гуфта толибонро офраиданд, салафӣ офариданд, ИГИЛ офариданд, ҷамоати таблиғ офариданд ба як мақсаде ки дигар давлатҳо ноором кунанд.

Rahguzar
Хуб мешуд, агар Амрико бо кайди ахвол конеъ мешуду бас. То вакте ки Амрико демократияи мачбурии худро ба дигарон пешниход кардан мегирад, чангу чидолхо дар чахон идома хоханд ёфт.

Хонуми Сафир! Дини мубини Ислом то дарачаи оли ва он чи ки мо мусулмонхо мехохем дар Точикистон озоду хуб аст. Натичаи озодии Дини Ислом, ки бо дасти Амрикоихо мешавад ба тамоми Дуне маълум гаштаст. Бехтар мешуд, ки дигар Хукумати нави Амрико захмат накашед!

Дар Тоҷикистон дини ислом озод нест, дигар динҳо озод аст.

Ашки чашмонам рехт аз гамхорихои хонум сафир. Гуфтам ин давлатхои ноозоди дини бошанд ки ба сари мардуми бечораи Афгонистону Фаластин Сурияву Ирок бомбхоро мерезанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)