Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати парлумонӣ ба Арабистони Саудӣ меравад.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфт, ин сафар расмӣ буда, фардо, 21 январбо даъвати раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сурат мегирад: “Шукурҷон Зуҳуровро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, Ҷурахон Маҷидзода, вакилон Олимҷон Сафаров, Дилшод Исматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд”.
Ба иттилои манбаъ, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон то 27 январ идома мекунад ва зимни он Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, муовини аввали раиси Шӯрои вазирони он кишвар, раиси фондии Саудии Рушд ва дигар шахсони воломақоми Арабистони Саудӣ мулоқот хоҳад кард: “Ҳамчунин дар назар аст Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ аз минтақаҳои фарҳангӣ ва таърихии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дидан намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |