Бахшҳо
30 янв 2017 15:05Тоҷикистон / Тема дня

Эълони фурӯши чипта ба Тошканд: Рӯзи парвоз маълум шуд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз оғози фурӯши чипатаҳои ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод ҳукуматҳои ду кишвар созиш кардаанд, ки аз 10 феврали соли ҷорӣ парвозҳо миёни Душанбе-Тошканд аз нав ба роҳ монда мешавад: “Парвозҳоро ширкати «Сомон-Эйр» ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа дар масири Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе оғоз менамояд. Хоҳишмандони сафар чиптаҳоро метавонанд аз кассаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба даст оваранд”.

Худоёр Худоёрзода, вазири нави нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 30-юми январ дар мавриди парвозҳо ба Тошканд гуфт, баъзе корҳое ҳастанд, ки дар як-ду рӯз ҳал намешаванд: “Ҳуҷҷатгузориҳо ҷараён доранд. Аз ҳар ду тараф муайян месозанд, ки дар масир кӣ парвоз мекунад. Баъзе корҳои дигар ҳастанд, ки дар як-ду рӯз ҳал намешаванд”.

Вазири нақлиёт афзуд тибқи протоколи имзонамудаи ҷонибҳо масъалаи парвозҳо ба Тошканд бояд нимсолаи ҷорӣ ба анҷом расад.

Ин дар ҳолест, ки Валерий Тян, сарвари кулли ширкати миллии ҳавонавардии Узбакистон 26 январ дар нишасти хабарие бахшида ба 25-солагии ширкати “Узбекистон хаво йуллари” гуфт, “созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳ шуда ва омодаи имзо аст. Парвозҳо ба Душанбе ояндаи наздик роҳандозӣ мешавад”.

Моҳи ноябри соли 2016 Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, бар пояи протоколе, ки миёни Тоҷикистону Узбекистон ба имзо расид, нахустин парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд моҳи январи соли 2017 амалӣ хоҳад шуд: “Парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Узбекистон “Узбекистон ҳаво Йуллари” ба роҳ мемонанд. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст”.

Парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе соли 1992 қатъ гардиданд.
Мӯҳр
Мардуми соддаи тоҷикаме неужели ҳоло ҳам интизоред аз ҳамин ҳамсояҳо...
хамсоя ҳам мехоҳад аммо кишварҳои абарқудрат намедонанд ин миллати камбағал зиндагии хуб дошта бошанд так что ягон чиро ждат накунед...

Масьалаи виза чихел мешавад

Масалаи парвоз хал шуд худоро шукр)).
Масалаи виза чишуд??
Масалаи чиптаро со мезанем вам ба Ташкент меравам. Барои саёхи ё барои туй )))
Виза аз аэропорт мегирем ё аз точикистон.
Илтимос хамин масаларо. Чавобашро медодед))
Ташшакур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)