Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Тазоҳурот зидди нархи барқ дар Қирғизистон » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 сентябр 2019, 12:30

Тазоҳурот зидди нархи барқ дар Қирғизистон

6 феврал 2017, 16:33

Сокинони вилояти Норини Қирғизистон аз гаронии нерӯи барқ эътироз мекунанд. Бо талаби коҳиши нархнома наздики 50 нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят даст ба тазоҳурот задаанд.

Ширкаткунандагони тазоҳурот аз ҳукумат талаб доранд, таъруфаи нерӯи барқ бознигарӣ шавад. Онҳо хоҳиш кардаанд, ки бо назардошти иқлими минтақа нархи барқ дар ҳудуди 70 тин барои ҳар киловатт-соат муқаррар гардад ва нархи ангишт зери назорат қарор гирад.

Пештар хабар расида буд, ки дар вилояти Норин ба иллати сармои сахти зимистон нархи ангишт ба маротиб боло рафтааст. Бархе аз сокинон мегӯянд, маҷбуранд, барои гарм кардани манзил аз нерӯи барқ истифода баранд ва нархи он дар як моҳ ба 5000 сом ё 71 доллари амрикоӣ мерасад. Музди миёнаи аҳолӣ дар Қирғизистон 190 доллар аст.

Имсол зимистон дар минтақа сахт омад ва ҳаво дар вилояти Норин шабона то 35-38 дараҷа сард мешавад.

Бино бар таъруфаи мавҷуда истифодаи то 700 кВт/с дар моҳ 77-тинӣ шумориш мешавад ва нерӯи истифодашудаи зиёда аз ин бо нархи 2,16 сом пардохт мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!