Бахшҳо

Чуркаҳо: Аз ҳақталошии тоҷикон то қассосгирии пулиси рус (АКС)

Гуруҳи муҳоҷирони тоҷик аз мақомоти рус хостаанд, амали маъмури пулиси шаҳри Любертси назди Маскавро, ки онҳоро “чурка” хонда, латтукӯб ва ғайриқонунӣ боздошт намудааст, бисанҷанд.

Тибқи иттилои Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Этмос” ҳақталошии тоҷикон бо он анҷомид, ки онҳоро депорт кардаанд, то аз шоҳидони амали ғайриқонунии пулис халос шаванд.

Ба гуфтаи Ёров ва бар асоси аризаи гуруҳи 6 нафарии муҳоҷирони тоҷик, онҳо тамоми ҳуҷҷатҳоро бо худ дошта, бар замми ин ҳар моҳ нозири минтақавӣ аз онҳо маблағ меситонидааст: "18-уми январ вақте нозири минтақавии қаблӣ ба таътил меравад, ба ҷои ӯ дигар нозир омада, аз муҳоҷирон маблағ талаб кардааст. Вале яке аз муҳоҷирон, ки дорои шаҳрвандии Русия мебошад, аз нозир талаб кардааст, ки нахуст ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳад. Аз ин нозир ба ғазаб омада, ӯро латтукӯб ва муҳоҷирони дигарро таҳқир намудааст. Нозир муҳоҷиронро “чурка” хонда, таъкид намудааст, ки ба касе чизеро нишон намедиҳад ва ҳамаро соати 8-и субҳ ба шӯъбаи пулиси “Любертси-1” мебарад”.

Раҳбари “Этмос” афзуд, вақте ҳамроҳи Валентина Чупик, ҳуқуқшиноси ройгон, соати 9-и бегоҳ ба ин шуъбаи пулис ҳозир шудаанд, муайян шудааст, ки муҳоҷирон бидуни ягон қайд давоми беш аз 12 соат бе ғизо, об ва ҳоҷатхона нигоҳ дошта шудаанд: “Вақте ҷонишини сардори шуъбаи пулис натавонист, ягон сабт ё асоси боздошти муҳоҷиронро нишон диҳад, як пулиси дигар барои зиёдаравии маъмурин узр хоста, афзуд, ки нофаҳмӣ шудааст. Он пулис гуфт, ки гӯиё ҳамсояҳо аз ғавғои муҳоҷирон шикоят карда бошанд, ки ин ҳам нодуруст буд”.


Ба гуфтаи Каримҷон Ёров ду рӯз баъди ин ҳодиса нозири минтақавӣ боз ба маҳалли зисти муҳоҷирон омада, 3 муҳоҷири ҳузурдоштаро бо худ бурда, “депорт” кардааст: “Онҳоро то бегоҳ дар шӯъба нигаҳ дошта, ба додгоҳ танҳо шиносномаҳои онҳоро пешниҳод мекунаду халос. Ҳол он ки онҳо бо худ патент, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ барои зист, картаҳои муҳоҷирӣ ва бонкӣ доштаанд, ки нозири минтақавӣ онҳоро гирифтааст”.

Ёров афзуд, ҳақталошии тоҷикон бо он анҷомидааст, ки феълан 3 нафар аз ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда, ду нафари дигарашон дар боздоштгоҳи махсус нигаҳдорӣ мешаванд.

Вакилони ройгони ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон муътақиданд, ки депорти тоҷикон ғайриқонунӣ аст: “Дар ҳоле, ки муҳоҷирон ба Додгоҳи болои Маскав шикоят бурданд, пулис ва додгоҳ ҳуқуқи ихроҷи онҳоро то замони ҳукми Додгоҳи болоӣ надорад. Вақте мо ҳуҷҷатҳои тартибдодаи онҳоро дидем дар он ҷо навишта шуда буд, ки гӯиё муҳоҷирони тоҷик муҳлати зиёд аз Русия набаромаданду дар қайд набудаанду аз қарори пешинаи додгоҳ сарпечӣ кардаанд. Лекин ин нодуруст аст ва депорт кори дасти масъулини Шӯъбаи пулиси рақами 1 шаҳри Любертский мебошад”. .

Ёров мегӯяд се муҳоҷири тоҷик, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ӯ ваколатнома додаанд ва шикояташ ба мақомот пешниҳод шудааст. Инчунин яке аз тоҷикон, ки душаҳрвандӣ доштааст ба Додситони шаҳри Маскав шикоят кардааст, ки ӯро нозири минтақавӣ латту кӯб ва таҳқир намудааст: “Талош мекунем, то баромадани қарори додгоҳи болоӣ ду муҳоҷири дигари тоҷик ихроҷ нашаванд. Аслан ин корро пулиси рус ба хотире карда истодааст, ки ҳамаи муҳоҷиронро ихроҷ кунанд, то ин ки касе шоҳидӣ дода натавонад”.

Акси муроҷиатномаи муҳоҷирони тоҷик ба мақомоти рус:


Чуркаҳо: Аз ҳақталошии тоҷикон то қассосгирии пулиси рус (АКС)

Чуркаҳо: Аз ҳақталошии тоҷикон то қассосгирии пулиси рус (АКС)


Чуркаҳо: Аз ҳақталошии тоҷикон то қассосгирии пулиси рус (АКС)
Мӯҳр
Таджики мигранты сами виноваты! Не надо качать права, скажите спасибо русскому народу, за то что нам позваляют работать на их стране!

Muhojir
Таджик Русский,
Onho gunahkorand ki hujjathoi durust dorand? patent mesuporand? Prava ne nado kachat, rangi gusfand boyad bud? Rossiya chun Avrupo nest,ki konunu koida doshjta boshad.Rossiya yak jangali sijohest ,ki na konun doradu na koida. Sajthoi tojiki dashnomu tahkirro nashr namekunand chun SMI -i rusho ,agar ne kajfiyati hub doram du -se "suhani hub" barot arzoni kunam!

[b]Таджик Русский!!!! Мафкураи ту гуломона аст.........

Аксари бачахое, ки Россия рафта моянд, тамоми кори зиндаги аз дасташон меояд, яъне маълум аст, ки он чо бо азоб ва хомушона кор мекунанд. Аз аксарашон шунидаем, ки ба онхо "чурка" гуфта мурочиат мекунанд.
Ба ТАДЖИК_РУССКИЙ: Он мардум кор мекунанд, пул (нима хам бошад) дарёфт мекунанд. Ин ба фоидаи Россия хаст нисбат ба Точикистон. Аз руи маданият нест, ки инсонхоро тахкир кунанд. Мигрант дар тамоми чахон вучуд дорад, лекин ингуна тахкирхо камидаркам вучуд дорад. Точикистон бо Россия хамкорихои зичи дурудароз дошт, барои хамин ба онхо эътимод карда мераванд. Набошад, гайр аз Россия мамлакатхои дигар хам хастанд, ки раванду кор кунанд. Лекин кампирхои русро таъриф хам мекунанд мухочирон.

2505
Таджик Руский.
Мы несчитаем тебя таджик.
Миллати ман ҳаргиз чунин мафкураи ғуломона надошт. Таърих гувоҳ аст, ки ТОҶИК дар ин қадар шикасту рехте, ки ба сари мардуми он омадааст, тавонистааст то забон, фарҳанг, урфу одат ва ғурурури тоҷикии худро нигоҳ дорад, вале ту барин беиродаҳо доранд сари миллати маро дар пеши дигарон хам мекунанд. Худоё ғайрати миллати маро боло бардор.

Гапотон ягон майда логика надора! Ягон миллат барои тоджик ранги руссо хуби кардаги нестан.
Во порвых- Вы должны ценит русских, за то что они нам дали, государство, если бы не русские, то мы все еще находились бы под гнетом Тюрков
Во вторых- Россия всегда нас защищала от Афганских талибов,и т.д. радикалов, поддерживала мир в нашей стране
В третьих - Почему мы не едим Работать например в Иран, или Дубай или другие южные станы??? или в Европу? Потому что в Юге заполнены индийскими и пакистанскими мигрантами, и у них ситуация больше рабская чем наша в России, а в Европу нас не пустят, так как у нас мигранты 90% могут копать и ломать! А там нужны инженеры и доктора высшего качества, одним словом Интеллектуалы!
В четвертых- в России, сотня таджикских студентов учатся на льготной основе, получают стипендии, от государства этих злых русских.
В пятых- многие мигранты не знают русского языка, ведут себя по хамски, везде плюют насвай, короче этика ниже плинтуса!
Посмотрим чтобы мы сделали с Китайцами которые ведут себя таким образом
Будьте объективно Благодарны Ребята. Ни ваши арабы ни иранци ни тюрки не сделали много хорошего чем Русский Народ!

Бошбулоқ
Таджик Русский!
Дусад сол боз ғуломи урус ҳастӣ. Сад сол бо Николай ҳамин қадари дигар бо Ленину Исталину Брежневу Путин. Тамоми Тоҷикистонро давр зан қабри урус дар куҷосту аз тоҷик дар куҷост?! Яъне яке дар ун теппаю дигараш дар дигар теппа. Тамоми Тоҷикистонро давр зан, дар 70 соли Шӯравӣ чанд тоҷик дар Тоҷикистон тӯӣ карда духтарашро шавҳари урусӣ дод? Дар оши худоӣ падарат урус даъват мекардӣ барои дуо кардан...? Рӯғану обро одами боақл ҳеҷ вақт якҷо намекунад,- зеро намешавад. Худатро свавка куни ҳам чуркай!...

Бошбулоқ,
Гапои сафсата! Посмотрим как доживешь без помощи русских

2505
Таджик-Русский.
Бисёр таҳлили хуб кардаи офарин!!! Касе омухтааст фақат хубиҳои онҳоро ба ту гуфтааст, вале аз ҳазорон мушкилоте, ки ба сари мардуми мо аз дасти инҳо омадааст, ба ту чизе нагуфтааст. Оё медони ки дар соли 1853 вақте ки аввалин бор ба Осиёи Миёна ҳуҷум карданд чи корҳоро ба анҷом расонидаанд? Агар не як бор таърихро варақ зан!!! Ва баъдан дар соли 1895 ба Бадахшон, солҳои 1914-1915 Кулоб, Ҳисор, Балҷувон ва ғайраро ва чи бадбахтиҳое ба сари мардуми ТОҶИК оварда шуд. Чиқадар тоҷикон гурехта ба Афғонистон ва дигар давлатҳо рафтанд? Оё медони, ки чиқадар китобхонаҳоро сузонданд? Барои чи онҳо дар давоми 70 сол ақалан тунели анзобро насохтанд ва ё як заводе, ки ба фоидаи мо бошад? Барои онки фақат фоидаи давлат, миллат ва сарзамини худро дар мадди аввал мегузоштанд ва ҳарчи ки месоханд барои худашон буд на барои мо.
Так что неизучай нас про своих братиях!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)