Бахшҳо
13 фев 2017 19:55Ҳуқуқи инсон

“Гузаргоҳ”-и “Давлати исломӣ” баста мешавад?

Дар нишасти сеҷонибаи ҳайатҳои Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли низоъи Сурия, ки рӯзҳои 23-24 январи соли равон дар Остона баргузор шуд, яке аз пешниҳодҳои Димишқи расмӣ баста шудани марзҳои Туркия ба рӯйи гуруҳҳои мусаллаҳ буд, ки гуфта мешавад, маҳз тавассути ҳамин марзҳо ба гуруҳҳои мусаллаҳи мустақар дар Сурия силоҳ фиристода мешавад.


Аввали январи соли ҷорӣ Туркия хабар дод, ки дар марз бо Сурия девор месозад ва то моҳи апрели имсол сохтмон бояд ба охир расад. Ҳоло сохтмони 28 километри дигар боқӣ мондааст. Сомонаи zn.ua менависад дарозии девор 911 км буда, аз блокҳои бетонӣ, ки вазни ҳар яки он 7 тонна аст, бунёд мешавад. Гап сари ин меравад, ки то ин замон Туркия пул ё коридори асосии ба Сурия расидани ҷиҳодиён ҳам будааст. Масалан, мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтанд, ки шаҳрвандони тоҷик маҳз тавассути Туркия ба Сурия гузаштаанд. Даҳҳо нафари дигар замоне боздошт ва ба ватан истирдод шудаанд, ки кушиши убури марзи Туркияро ба самти Сурия доштаанд. Масири шаҳрвандони Тоҷикистон яксон набудааст. Бархе аз Русия ба Туркия, қисме аз Қазоқистон ё Қирғизистон ба Туркия ва аз ин кишвар бар Сурия сафар кардаанд.

Зинаида Бурская, хабарнигори “Новая газета” матлаберо зери унвони “Роҳ ба ДИИШ аз Маскав мегузарад” ба нашр расонида, далелҳои зиёдеро овардааст. Худобердӣ Холиқназаров, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ба ин хабарнигор гуфтааст, ки тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи онҳо, танҳо 20%-и шаҳрвандони Тоҷикистон бевосита ба ДИИШ пайваста бошанд, 80%-и дигар аз Русия ба Сурия рафтаанд.

Life.ru хабар дода буд, ки октябри соли 2016 кормандони Идораи федеролии амният дар вилояти Новосибирск як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро ҳангоми парвоз ба Туркия боздошт карданд. Ин шаҳрванди Тоҷикистонро афроде бояд дар Истамбул пешвоз мегирифтанд ва барои расидан ба Сурия кумак мекарданд. Апрели соли 2016 Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар роҳ ба Сурия аз сӯи мақомоти амниятии Туркия ва Русия боздошт шудаанд, 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Яке аз инҳо Давлятов Асрорбек буд, ки барои қасди иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо гунаҳкор дониста шуд. Дар қарори суд омада, ки Давлятов Асрорбек 1 январи соли 2016 тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва–Бишкек–Истамбул ба Туркия рафтааст ва 9 феврали соли 2016 дар роҳ ба шаҳри Адана аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия дастгир шудааст.

Нафари дуввум Назим Хушвахтов буд, ки 3 феврали соли 2016 тавассути хатсайри Москва–Истамбул қасди парвоз ба давлати Туркия доштааст, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Русия дастгир шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Ҳамин тавр, бино ба хабарҳо, Комрон Хоҷаев 27 феврали соли 2015 аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Туркия парвоз карда, аз онҷо ба сафи ДИИШ пайваста буд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Интерпол хост, ки Комрон Хоҷаев, донишҷӯи соли сеюми Академияи кишоварзии Ивановои Русияро, ки ба ДИИШ пайвастааст, боздошт кунад.

Сомонаи kabarlar.org хабар дод, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 22 марти соли 2015 дар фурудгоҳи шаҳри Ош се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард. Онҳо ҳамроҳ бо кӯдакони хурдсолашон тариқи хатсайри “Ош-Истамбул” ният доштаанд ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия раванд.

Ин хабарҳо дар вақту замони гуногун ва дар расонаҳои гуногун нашр шудаанд, вале муҳтавои ҳамагӣ ин аст, ки роҳ ба сӯйи ДИИШ якест ва ин Туркия ва марз бо Сурия аст. Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 20 январ ба хабарнигорон гуфт, шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДИИШ коҳиш ёфта, соли 2016 танҳо 41 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Суҳбати Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ



Сабаб чӣ буд? Оё долонҳое, ки ҷавонон тавассути онҳо ба гуруҳҳои террористӣ мепайванданд, маҳдуд гардид ё омилҳои дигар? “Омили коҳиш ёфтани пайвастшавии ҷавонон ин аст, ки худи ҷомеа дарк кардааст, ки ДИИШ дурӯғ аст, онҷо на мусалмонӣ аст, на чизи дигар. Танҳо маблағбадастории гуруҳҳои алоҳида асту халос. Аммо шахсоне фирефта шуда, ба доми онҳо меафтанд. Асосан, нафаре ба онҷо меравад, ки бесавод аст, ягон маълумот ва ҷойи кор надорад, мавқеи худро дар ҷомеа мушаххас накардааст”- гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Ба қавли вай, корҳои профилактикии онҳо ва нақли шоҳидони ин ҷангҳо ба мардум, ки “давлати исломӣ” нест, “давлати ҷинояткор” аст, боиси коҳиш ёфтани ҷавонон шуд. “Соли 2016 ихтиёран 22 нафар аз ин ҷангҳо ба Ватан бозгашта, умуман, теъдоди бозгаштагон аз Сурия ба Тоҷикистон 80 нафарро ташкил медиҳад”,-хабар доданд аз ин вазорат.

“Тибқи ахбороти фаврии дар дастбуда, шаҳрвандони мо дар Сурияву Ироқ зиёд нестанд”,-афзуд Рамазон Раҳимзода.



Тибқи бархе маълумот, теъдоди ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои мусаллаҳи Ироқу Сурия камтар аз 1000 нафарро ташкил менамояд. Мақомоти расмии кишвар теъдоди дақиқи онҳоеро, ки дар амалиёти ҷангии хориҷ ширкат мекунанд, эълон накардаанд. Вазир Рамазон Раҳимзода низ мегӯяд, ҳисоб кардани ин гуна афрод ва хонаводаи онҳо, ки дар кишварҳои Ироқу Сурия қарор доранд, мушкил буда, мақомоти корҳои дохилӣ ҳолатҳои бақайдгирифтаро мешуморанд.

Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати назорати амнияти милии Прокуратураи генералӣ 3 феврали соли равон ба хабарнигорон гуфт, соли 2016 пайвастани ҷавонони тоҷик ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба маротиб кам шудааст, вале номбурда аз додани иттилои расмӣ дар мавриди теъдоди иштирокчиёни ҷангҳои Сурияву Ироқ аз Тоҷикистон худдорӣ кард.

Сафарбек КАБИРОВ

Бознашр аз “ИмрӯзNews, №14 (1377), аз 08 феврали соли 2017

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)