Бахшҳо
16 фев 2017 18:31Ҳуқуқи инсон

Пайвастани сокинон ба гуруҳҳои ифротӣ дар шимоли Тоҷикистон кам шудааст!

Бино ба иттилои масъулин, шомилшавии сокинони шимоли кишвар ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ айни замон 322 нафар сокинони вилоят дар Сурия ҳастанд. Абдураҳмон Қодирӣ ин маълумотро зимни баргузории нишасти матбуотиаш 17-уми январ иҳзор дошт. Вай гуфт аз ин шумора 39 нафар ҳамроҳи хонаводаашон равфтаанд. Миёни сокинони вилояти Суғд, ки дар Сурия ҳастанд, 42 ҷавон ва 28 духтар низ будаанд. Теъдоди ба ҳалокат расидаҳо ба 51 нафар баробар будааст. Ба иттилои Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷангҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон 51 нафар ва дар муҳорибаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон 73 нафар сокинони вилоят иштирок доранд. Аммо ӯ гуфт, теъдоди чунин шахсон назар ба се сол пеш коҳиш ёфтааст: “Аллакай мардум фаҳмиданд, ки ин ҳама дасисаҳои гурӯҳҳои баъзе аз ашхоси давлатҳое аст ва мо низ хеле хурсанд шудем. Мо корҳои фаҳмондадиҳиро ягон дараҷа суст накардаем ва дар ҳама шаҳру ноҳияҳо он идома дорад”.




Раиси вилоят дар идомаи суханрониаш илова кард, ки дар баробари ин дар қаламрави вилоят 193 нафар бо иттиҳоми қасди халал расонидан ба сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон боздошт шуда, айни замон аз тарафи мақомоти дахлдор нисбати онҳо чораҳо андешида шуда истодааст.

Дар ҳамин ҳол Нодира Мирзозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гуфт, мо айни замон нисбати 9 нафар оилаҳое ки ба кишварҳои Сурия рафтаанд, корбарӣ карда истодаем ва дар баробари ин байни аҳолӣ низ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида истодаем.




Мадина Ҳомидова иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд гуфт, ки барои пешгирии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон аз чунин ҳолтаҳои номатлуб соли гузашта дар донишгоҳҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва маҳалҳои осебпазир мулоқотту вохӯрӣ доир намудем. Соли гузашта 41 мулоқоту вохӯрӣ бо ҷалби 9 ҳазору 520 нафар дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан Конибодом ва Исфара, ки аз маҳалҳои осебпазир арзёбӣ карда мешавад, гузаронида шудааст.



Соундклоди Мадина Ҳомидова-иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти суғд

Аммо прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар нишасти матбуотии солонааш санаи 13-ум январ гуфт, ки ҷинояти хусусияти террористию эсктиримистӣ дошта томоюлӣ болоравӣ доранд. Соли гузашта 130 парванда барои моҳиятан дида баромадан ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст. “Мубориза ба зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз он ҷумла прокуратура низ ҳамчун субъети муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошанд. Ҷиноятҳое ки характери террористию экстремистӣ доранд тамоюли болоравӣ доранд. Аз сабаби он ки кормандони прокуратура ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ машғул нестанд, яъне ин ба функсияи прокурор дохил намешавад, дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд, ки бевосита кори онҳо барои бурдани фаъолияти опфаврӣ-ҷустуҷӯи вобаста аст. Кормандони прокуратура, муфаттишон бештар барои тафтиши чунин парвандаҳо машғул мешаванд, яъне тафтиш мекунанд, айб эълон мекунанд, ба суд мефиристан барои моҳиятан дидан баромадан. Барои ҳамин ман қайд кардам ки дар давраи соли 2016 аз ҷониби муфатиишони прокуратура 130 адад чунин парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудаанд”.




Дар ҳамин ҳол Шариф Назарзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд, зимни баргузории нишасти матбуотиаш 25-уми январ аз овардани омори дақиқ худдорӣ намуда гуфт, ба назари ман расонаӣ кардани омор дар бораи афроде, ки ба ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд ва ё дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, боиси бештар шудани ҳамингуна ҷиноят ва ифротгароӣ мешавад. Вай гуфт, ки минбаъд аз ироаи чунин омор худдорӣ мекунанд, зеро ки паҳн кардани хабарҳои ҷиноӣ, оқибатҳои бад дорад: “Доим сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Коршиносон ва падару модарон ба ман муроҷиат карданд, ки ин ба ҳолати рӯҳии фарзандони мо таъсир мерасонад" Шариф Назарзода аз ҳодисаи худро ба дарёи Сир андохтани як зан ёдоварӣ намуд, ки мақомот барои пайдо кардани наздикони вай тариқи телевизион муроҷиат карда буданд: "Дар давоми як ҳафта 5-6 нафар ба дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Ана реклама кардем-ку”.



Ба андешаи рӯзноманигору коршиносон, ин андешаи сардори Раёсати корҳои дохилӣ мумкин аст, назари шахсии ӯ бошад, аммо ин гуна андеша аз забони роҳбарияти мақомоти расмӣ, метавонад дастрасии журналистонро доир ба гирифтани иттилоъ аз мақомот, мушкилтар намояд. Неъматулло Мирсаидов таҳлилгари тоҷик изҳор медорад, ки мо бояд ин гуна мисолҳоро оварда, мардумро аз оқибатҳои талхи он ҳушдор диҳем: “Аз ҳаёти ҷомеа мо бояд мисолҳое оиди қисмати талхи онҳое оварем, ки аз иштирок дар муҳорибаҳои бурунмарзӣ ва ё фаъолияти ифротгароёна зарар дидаанд. Яъне, зидди тарғиби ифротгароӣ мо силоҳе бояд дошта бошем ва онро ҳангоме ки мафкураи ҷавонон аз интернету дигар воситаҳои электронӣ олуда мешавад, истифода барем. Хулоса, ҳар як тарғибу ташвиқи тундрав контрропропаганда бояд истифода шавад”.

Дар ҳоле ки бисёре аз масъулин мегӯянд мубориза ба зидди гурӯҳҳои ифротгаро на танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор балки шаҳрвандон ва ҷомеа низ ба шумор меравад, магар бо пинҳон кардани омор метавон ба ин ҳадафҳо ноил шуд ва шаҳрвандонро аз оқибатҳои ногувори он бохабар намуд.

Афзал БОСОЛИЕВ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)