Бахшҳо
16 фев 2017 19:09Ҳуқуқи инсон

Пул барои терроризм: Рӯйхати 7-ҳазор нафараи Бонки миллӣ ба Прокуратураи генералӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мегӯянд, мубориза дар самти ба маблағгузории терроризмро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи Ҳотам Назарзода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, вобаста ба ҳолати интиқоли маблағ барои амали террористӣ, аз ҷониби Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ як парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, кишвари мо вобаста ба тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба поксозии пул (ФАТФ) 16 санади меъёри ҳуқуқиро ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ кард ва дар самти мубориза ба пулшӯӣ ва терроризм Тоҷикистон уҳдадориҳояшро анҷом медиҳад. “Умуман, маълумотҳои ворид шудани маблағҳои шубҳанок зиёданд, вале аз рӯйи тартиб ман ҳуқуқи ифшои онро надорам. Иттилоъ дар мавриди шомил шудан ба гуруҳҳо, маблағгузории алоҳида мавҷуд буда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин амалҳо корҳои зарурии ҷустуҷӯиро карда истодаанд”,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.



Ҷамшед Мирзохонзода, сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ изҳор медорад, ки аз ҷониби Бонки миллӣ рӯйхати 7 ҳазор нафар пешниҳод шудааст: “Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин нафарон барои маблағгузории терроризм амал карда бошанд. Маблағҳои шубҳанок ҳаст, эҳтимол 1 ё 10 нафар тасдиқ гардад”.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон низ аз пурзӯр шудани назорати почта ба далели амниятӣ хабар дод. Ба гуфтаи Ҷонибек Додометов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа, бо мақсади пешгирии пулшӯӣ, пешгирии терроризм ва дигар ҳолатҳое, ки ба ҷамъият хатар меоранд, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд: “Чунки ҳолатҳои интиқоли маводи ба ҷамъият хатарнок тавассути почта ҷой дошт. Минбаъд барои пешгирии баровардани нигораҳои таърихӣ ё интиқоли маводе, ки бароварданашон манъ аст, корҳо пурзӯр карда мешаванд... Назорат ба мактуби оддӣ дахл надошта, сухан сари маводи психотропӣ, маводи тарканда ва ғайра меравад”.



Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба поксозии пул ё FATF (Financial Action Task Force) бо таҳияи ченакҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи муқовимат ба поксозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм то ба ҳол 40 дастури муқобила бо пулшӯиро ба кишварҳои ҷаҳон ироа кардааст. Тоҷикистон низ узви FATF буда, як қатор уҳдадорӣ дорад ва то кунун дар самти мубориза ба пулшӯӣ ва терроризм қонун қабул гардида, ба чанде аз қонунҳои кишвар тағйирот ворид карда шуд.

Ахиран, октябри 2016 ба қонун “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок” тағйирот ворид гардид. Тибқи ин тағйиру иловаҳо, минбаъд моликони коғазҳои қиматнок бо дархости мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот ироа менамоянд ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок шароити дастрасии маълумот дар бораи молик — бенефитсиарони ҷамъиятҳои саҳомӣ ва соҳибони бастаи калони саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии кушодаро фароҳам меоварад.

“Ҳамчунин, ин тағйирот ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дастрасии маълумотро оид ба ҳисобҳо, миқдори коғазҳои қиматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳайё менамояд”,-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси БМТ зимни шарҳи тағйиру иловаҳо.

Тибқи талаботи моддаи 11-и қонун “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” ташкилотҳои қарзӣ барои пешгирӣ намудани истифодаи муносибатҳои фаромарзии муросилотии бонкӣ бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳо меандешанд.

Масъулини Бонки давлатии “Амонатбонк” мегӯянд, ҳанӯз соли 2014 Хадамоти мониторинги молиявӣ таъсис доданд, ки кори ин ниҳод муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм унвон мешавад. “Вазифаҳои асосии Хадамот ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оиди амалиётҳои ҳатман назоратшаванда ва шубҳанок ба Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва омодаю пешниҳод намудани ҷавобҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор ва дахлдор мебошад”,-шарҳ доданд дар ин бонк.

ҶСК “Бонки Эсхата” низ ҳамаи кормандони худро барои пешгирии софкории маблағ ва маблағгузории терроризм масъулият медонад. “Назорати умумӣ барои тартиби фаъолияти пешгирии софкории маблағ ва маблағгузории терроризм ва татбиқи сиёсати мазкур ба зиммаи сохтори ваколатдори бонк дар самти пешгирии софкории маблағ ва маблағгузории терроризм вогузор карда мешавад”,-омадааст дар маълумоти ин бонк.

Ҳолатҳои интиқоли маблағ аз хориҷ барои сафарбарнамоии ҷавонон ба Сурия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шудааст. Саидҷон Салимов, муфаттиши шӯъбаи тафтишотӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи вилояти Хатлон, қаблан дар робита ба парвандаи Давлат Чолов, фармондеҳи собиқи яке аз ҷузъу томҳои Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва чаҳор нафари дигар, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия айбдор мешуданд, гуфт: “Инҳо барои фаъолияташон маблағҳои муайяне мегирифтанд. Аз ҷумла, ба Давлат Чолов пеш аз парвозаш аз хориҷи кишвар 12 ҳазор доллари амрикоӣ равон шуда буд. Худи айбдоршавандаҳо ҳам дар ҷараёни тафтиш иқрор карданд, ки барои ин корашон пул мегирифтанд. Маблағи 12 ҳазор доллари амрикоӣ ва як компютери ноутбук аз Давлат Чолов ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд”.

Дар ҳамин ҳол, дар Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд назорати интиқоли пули нақд ва тилло пурзӯр карда шавад. Ба иттилои хабаргузори Reuters, ҳангоми вуруд ва хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо назорати интиқоли пули нақд ва тилло пурзӯр мешавад. Ба ҷуз ин, марзбонон дар сурати пеш омадани шубҳа шахсонеро низ, ки камтар аз 10 ҳазор евро бо худ доранд, ҷиддӣ санҷиш менамоянд. Брюссел ҳамчунин мехоҳад, ваколати хадамоти гумрукро ҳангоми назорати пулҳои нақд ва кортҳои бонкӣ бештар кунад.

Сафарбек КАБИРОВ


Бознашр аз “ИмрӯзNews”, №16(1379), аз 10 феврали соли 2017

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)