Бахшҳо
28 фев 2017 11:10Тоҷикистон / Сиёсат

Супориши Р.Эмомалӣ барои ҳисоби аҳолӣ ва рақамгузории хонаю кӯчаҳо

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар доираи тайёриҳо барои рӯйхатгигирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 дастур додааст, ки дар пойтахт барӯйхатгирии санҷишӣ амалӣ карда шавад.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91 гузаронда шавад: “Коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, гузошта шавад”.

Рустами Эмомалӣ раисони навоҳии пойтахтро вазифадор кардааст, ки то 1 апрели соли 2019 ҳамроҳ бо корхонаи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе” номи кӯчаҳо, рақами хона ва манзилҳои маҳаллаҳои ноҳияҳоро ба тартиб дароварда, бо лавҳаю рақамгузорӣ таъмин намоянд: “То 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳади ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд”.

Раиси шаҳри Душанбе ба раисон ва милисаҳо супориш додааст, то 1 сентябри соли 2019 дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон соли 2020 дар назар буда, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон дастур дод, ки соли 2018 дар кишвар барӯйхатгирии санҷишӣ гузаронда шавад.
Мӯҳр
Номдор
Ахсан офарин мухтарам раис аз соли 2012то инчониб микрарайони 9км болояш яъне 191мк номгузори нашудааст архитектура раками истифодаи хона намедихад максад куча бе номасат сохибмулк худро даркайд монда наметавонад аз ин гуфтахо ба рохбари н Шохмансур супориш шавад то куча номгузори ва истикоматкунандагон сабти нохия шаванд хохишмандем озодагон чоп кунен

Шахбоз
Офарин. Кадри чавон дар кор чидди аст.
Мухтарам Раиси шахр: Масъалаи ба дискоклубхо рафтани занонро маън намоед, ё ин ки дискоклубхо аз шахри Душанбе бароварда шаванд, бисёр хуб мешид.

Илтимос хангоми номгузории кучахо, номи он нафаронеро монед, ки халк онхоро шиносанду барои миллати худ ягон корнамие карда бошад. Зеро имруз як муовини Вазир мемираду соли оянда кучаеро ба номаш мегузоранд, е ягон сиесатмадореро ки барои халк чизе накардаст, ба Номаш кучаеро номгузори мекунанд. Инчунин номгузории мактабу кучахо ба номи журналистони фавтида гузошта нашавад, зеро онхо вазифаи худро ичро кардаанд ба мисли муаллимону духтурон ва дигар кормандони давлати ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)