Бахшҳо
16 мар 2017 17:56Ҳуқуқи инсон

“Ҷиҳодӣ”-ҳо ҳамсарони худро хор карданд...

Бархе аз ҳамсарони ҷавонони тоҷик, ки дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд мегӯянд, дар назди ҷомеа аз кирдори шавҳаронашон бори хиҷолат мекашанд. Ба хотири ин муҳити фароҳамсохтаи шавҳаронашон, онҳо гушанишиниро ихтиёр кардаву аз ширкат дар маросимҳои тӯйю мотам худро канор мегиранд. Аммо Гулқадаҳ қаҳрамони гузориши мо аз камтарин занонест, ки баъди марги шавҳараш дар Сурия зиндагии худро дубора сохт ва ҳоло барои ду фарзандаш ҳам модар асту ҳам падар.


Гулқадаҳ сокини 26-солаи ноҳияи Вахш, баъди он ки хабари кушта шудани шавҳараш дар Сурияро шунид, тарки хонаи хусуру хушдоман кард. Вай мегӯяд, ҳарчанд дар рузҳои аввал зиндагӣ барояш сахту мушкил буд, аммо ба хотире, ки ҳар кунҷи хона хотироте аз шавҳар дошт ва ҳар замон зинда шудани ёди шавҳари аз дастдода барояш фоҷеа буд онҷоро тарк кард ва зиндагиро ба хотири худу фарзандонаш аз нав оғоз кард. Шавҳари Гулқадаҳ, Қудратулло Гулов якуним соли пеш аз Русия ба Сурия рафтааст ва баъди чанд моҳе ба хонаводааш хабари марги ӯ дар майдонҳои чанг расид.

Гулқадаҳ бо ду фарзанд, яке ҳафт ва дигари панҷсола имрӯз дар хонаи волидон зиндагӣ дорад. Ин зан дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳарчанд шавҳараш муҳоҷир буду дар як сол ҳамагӣ чанд моҳ бо ӯ зиндагӣ мекард, аммо боз ҳам хушбахт буд, чун медонист ки шавҳараш дар Русия аст. Аз ҳолаш бохабар буд ва бовар дошт, ки муваққатан ҳам бошад, ба наздашон бармегардад. Аммо ҳоло ин зани ҷавон бо вуҷуди он ки бовар надорад шавҳараш кушта шудааст, гушанишинӣ ва ғаму ғурбатро канор гузошта, ба хотири худу фарзандонаш зиндагии тозаро оғоз кардааст.

Ин зан бо кумаки волидонаш мошинаи дарздузӣ харидорӣ кард ва ҳоло бо ҳунари дузандагӣ зиндагии худу ду фарзандашро пеш мебарад. Вай мегӯяд, борҳо шунидааст, ки даҳҳо зани тоҷик баробари рафтани шавҳаронаш ба Сурияву Ироқ бо фарзандони худ ба ин кишварҳо сафар карданд, аммо билохира баъди марги шавҳаронашон худу фарзандони бегуноҳашонро бо рузгори сахту сангин дучор карданд. “Ман шавҳарамро дӯст медоштам чун ҳамаи солҳое ки бо ҳам зиндагӣ доштем, ягон маротиба ҳарфи баде нагуфта буд, ӯ ҳам ману фарзандонро дуст медошт. Инсонҳо ба умеданд, ман ҳам умед дорам ки шавҳарам рӯзе меояд. Вале ман бояд ояндаи ду фарзандамро фикр кунам. Албатта дар хонаи падару модар будан ин ҳам бо ду фарзанд зиндагӣ осон нест, вале кушиш мекунам онҳо таъмин ва тарбияи хуб кунам. Куртаҳои одамонро медузам, боз ҳунари духтани либосҳои мактабиро дорам. Соли гузашта барои мактаббачаҳои деҳа фармоиш гирифта будам. Ин беҳтар аз он аст, ки ман ҳам аз қафои шавҳарам мерафату онҷо азоб мекашидам”,- қисса кард Гулқадаҳ.

Гулқадаҳ мегӯяд, пас аз рафтан ва кушта шудани ҳамсарони ба ном ҷиҳодии худ, занон дар деҳу ноҳияашон ва берун аз он ҳамчун “ҳамсари террорист” шинохтаву ангуштнамо ҳастанд ва инро таҳаммул кардан кори осон нест, вале ӯ тавонист худро аз ин муҳит каме ҳам бошад берун кашад. Ба гуфтаи вай, бигзор занони дигаре ки ҳамтақдири ӯ ҳастанд, худро аз ҷомеа канор нагиранд ва баракс барои таҳсилу зиндагии хуби фарзандони хеш даст ба кор шаванд ва зиндагии ояндаи худро беҳтар аз имрӯз гардонанд.

МАҚОМОТ: “ПАЙВАСТШАВИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК БА ДИИШ КАМ ШУДААСТ”

Бар асоси омори расмӣ, танҳо дар соли 2016, 40 тоҷикистонӣ ба созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастанд. Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ теъдоди ҷангиёни тоҷикро дар ДИИШ беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки ҳудуди 300 нафарашон кушта шудаву 50 нафар бо оилаҳои худ сафар кардаанд. Бинобар иттилои мақомоти қудратии Тоҷикистон, аксари ҷавононе, ки ба “Давлати Исломӣ” пайвастаанд, оиладор ва соҳиби фарзанд ҳастанд. Ҳалокати онҳо дар Сурия ҳамсаронашонро дар ватан бо фарзандони хурдсол рӯ ба рӯи ояндаи норӯшан қарор додааст.

Бархе аз ин занон на танҳо миёни ҳамсояҳо ва ҷомеа ангуштнамо, балки дар хонаводаи шавҳар ҳам муқассири бадбахтиҳо дониста мешаванд. Ба шӯъбаи кор бо занони Кӯлоб соле пеш зане муроҷиат кардааст, ки дар пайи кушта шудани шавҳараш дар Сурия, бо як фарзанд аз хонаи хушдоман берун карда шудааст. Волидону наздикони шавҳар ба ин фикр будаанд, ки маҳз нороҳативу шикоятҳои келин аз зиндагӣ ва муносибати нохуби ӯ фарзандашонро ба ҳадде расонид, ки писарашон роҳи Сурияро интихоб кунад.

КУМИТА ҲАМСАРОНИ ҶИҲОДИҲОРО БА КОРУ ОМӮЗИШ ФАРО МЕГИРАД?

“Ҷиҳодӣ”-ҳо ҳамсарони худро хор карданд...Аммо то ҳануз Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон омори дақиқи занҳое ки пас аз пайвастани шавҳаронашон ба гуруҳи худхондаи “Давлати Исломӣ” дар кишвар танҳо ва ё бева мондаанд дар даст надорад. Маҳбуба Азимова, як намояндаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон гуфт, онҳо миёни ин гуруҳи занон дар минтақаҳои гуногуни кишвар суҳбатҳо анҷом медиҳанд ва дар сурати хоҳиши бо ҷои кор таъмин кардани онҳо ба ин занон кумак мекунанд. “Ин ки ҷавонмард ҳамсарашро бо фарзандонаш дар инҷо танҳо монда худаш ба Сурия рафтаву ҷиҳодӣ шудааст, инҷо зан ягон гуноҳ надорад. Ин занону модарон зери назари давлат ҳастанд, ҳимоя мешаванд, ба омузиш фарогирифта мешаванд ва ҳам бо ҷои кор таъмин мегарданд”.



"ҶИҲОДӢ"-ҲО ҲАМСАРОНИ ХУДРО ХОР КАРДАНД...

Бо ин ҳама коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, зиндагии занҳои танҳомондаи “ҷиҳодиҳо”-и тоҷик ба куллӣ аз зиндагии дигар занҳои танҳомонда фарқ мекунад. Аз замоне ки рафтани шавҳарони онҳо ба Сурия ва Ироқ ошкор шудааст, онҳо даҳҳо маротиба дар идораҳои пулису амният бозпурсӣ шудаанд. Ин занҳоро вакилони маҳал, ҷамоат, то нозирон ҳамеша аз иртиботашон ба шавҳаронашон мепурсанд, ки ба қавли худашон асабикунанда аст. Мумин Аҳмадӣ, хабарнигори тоҷик ки борҳо ин мавзӯъро пайгирӣ карда бо хонаводаҳои ҷавонони ҷиҳодӣ суҳбат кардааст, мегӯяд, “ҳангоми сӯҳбат ва пайгирии зиндагии ин занҳо мушоҳида кардем, ки онҳо кам ба кӯчаҳо берун мешаванд ва як андоза пайдо кардани кори дуруст низ барояшон мушкил аст. Ҳатто пас аз марги шавҳаронашон дар Сурия ва Ироқ низ дубора шавҳар кардани онҳо мушкил аст. Дар ҷомеае, ки шумори занҳои бешавҳар хеле зиёд аст, кам нафароне пайдо мешаванд, ки ба ҳамсари собиқи ба истилоҳ “террорист” издивоҷ кунад”.

Мумин Аҳмадӣ сабаби напайвастани гуруҳе аз занон аз ҷумла қаҳрамони гузориши мо Гулқадаҳро бо ҳамсараш ба омилҳои гуногун марбут медонад. Вай мегӯяд, “бархе занҳо худашон вақте ҳадафи шавҳарро фаҳмидаанд, бо ӯ ҳамроҳ нашудаанд. Онҳо роҳи шавҳари худро нодуруст дарёфтаанд. Бархеи дигар бо мухолифати волидайн ҳангоми ризоият пурсидан дучор шуда, аз ин роҳ пас гаштаанд. Шумораи дигари занон дар Тоҷикистон буданд ва шавҳаронашон мустақим аз Русия ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Шояд шавҳаронашон бинобар сахт будани назорат натавонистанд, ҳамсарони худро бибаранд ва танҳо рафтанро авлотар донистаанд”.

Аммо тибқи як пажӯҳиши Кумитаи занон 90 дарсади занҳое, ки ҳамроҳ бо шавҳарони худ ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд, зери хушунати ҳамешагӣ қарор доштаанд ва дар баробари шавҳар аз ҳаққи ибрози назару мавқегирӣ марҳум будаанд. Ин шумораи занҳо низ таҳсилнодида буда, ҳатто бархе дарк ҳам намекарданд, ки ба кадом кишвар ва чаро мераванд. Занони бевамондаи “ҷиҳодиҳо”-и тоҷик ҳам мисли модарон ва дигар наздикони онҳо дар посух ба суоли "чӣ шуд, ки шавҳарҳояшон ба Сурия рафтанд", оҷиз мемонанд. Аксари онҳо ҳамагӣ 4-5 солӣ бо ҳамсарони худ зиндагии муштарак доштаанд ва чун шавҳаронашон бештар дар муҳоҷират дар Русия буда, гоҳ-гоҳе меҳмонашон мешуданд, аз дунёву ақидаи онҳо зиёд огоҳ нестанд. Ин занҳоро ҳоло фақат ду савол азият медиҳад, ки чаро падари фарзандонашон фикри онҳоро накард ва ояндаи онҳо чӣ хоҳад шуд?

Сарвиноз ҶӮРАБОЕВА


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)