Аз 3 то 16 сол. Ҳукми шаш муҳоҷири тоҷик дар Русия
Шаш шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Маскав аз 3 то 16 сол равонаи зиндон шудаанд.
Додгоҳ онҳоро дар ҳамлаҳо ба тоҷирони бозорҳои "Садовод” ва "Москва” муҷрим шинохтааст. Комрон Усмонов, ки ба ҳайси раҳбари гуруҳи ҷиноӣ муаррифӣ шудааст, 16 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Дафтари матбуоти додгоҳ мегӯяд, Усмонов Далер Қориабдиев, Абӯмуслим Азизов, Баҳодури Ҷангибекзода, Бӯстон Етмишев, Шералӣ Аскаров ва дасти кам чор каси дигарро, ки шахсияташон ҳанӯз маълум нест, гирд оварда, ба тоҷирон ҳамла мекардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳ 24 ноябри соли 2014 Усмонов ва ду шарикаш ба як шаҳрванди Чин, ки дар бозори “Москва” кор мекард, ҳамла намуда, 17 миллион рубл, 3 ҳазор доллар, 3 телефони мобилӣ, санадҳои шахсӣ ва картаҳои бонкии ӯро рабудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |