Русия ду кабкро ба Тоҷикистон “депорт” кардааст
Росселхознадзор ба мусофири ҳавопаймои самти Тоҷикистон иҷоза надодааст, ки ду сар кабкро ба Русия ворид кунад.
Дафтари матбуоти раёсати Росселхознадзор дар вилоятҳои Маскаву Тула гуфтааст, кормандони ин ниҳод дар фурудгоҳи “Домодедово” аз талоши интиқоли ин ду парранда ба қаламрави Русия ҷилавгирӣ кардаанд. Ба иттилои манбаъ, барои ин кабкҳо асноди ветеринарӣ ва иҷозаи Росселхознадзор дарёфт нашудааст. Манбаъ меафзояд, ин ду кабк дубора ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Ин бори аввал нест, ки Росселхознадзор бо далели надоштани асноди зарурӣ паррандаҳоеро, ки аз Тоҷикистон ба Русия бурда мешаванд, бозпас мефиристад. Дар гузашта ин нищод аз "депорт"-и даҳҳо кабку кабутар хабар додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |