Бахшҳо

Раҳбари мухолифин аз Шавкат Мирзиёев ҳимоят кард (ВИДЕО)

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари Ҳаракати мардумӣ ва мухолиф, ки даврони шӯравӣ барои истиқлолияти Узбакистон мубориза бурда, баъдан зери фишори ҳукумат ин кишварро тарк кард, 23 март бо нашри нахустин изҳороти видеоӣ ҳимояташро аз президент Шавкат Мирзиёев эълон намуд.

“Пештар аз Мирзиёев барои он ки хилофи Қонуни асосии Узбакистон иҷрокунандаи вазифаи президентиро ба зимма гирифт, интиқод кардам ва ҳанӯз ҳам онро нодуруст мешуморам. Вале як қатор корҳои ӯ ҳамчун президент, бахусус гӯш додан ба сухану мушкилиҳои мардуми фаромӯшшудаи Узбакистон дар қалби ман умедеро ба вуҷуд овард, ки вай нияти нек дорад”, - мегӯяд Муҳаммад Солеҳ.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз мардуми Узбакистон, бахсус вай, аз Мирзиёев тағйиротҳои ҷиддиро интизоранд. Мухолифи машҳури узбак ҳамчунин аз Шавкат Мирзиёев даъват кардааст, ба эътимоду дастгирии мардуми худ такя карда, ислоҳоти сиёсию иқтисодиро дар ин кишвар оғоз кунад: “Дар Узбакистон гуруҳи қудратманде ҳаст, ки барои Мирзиёев дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ монеа эҷод мекунад. Вале пушти президент тамоми давлат меистад. Вай бояд ҷасорат нишон дода, давлатро аз ин мафия озод кунад. Барои ин кор солҳо лозим нест, онро бояд зудтар анҷом дод”, - афзуд Солеҳ.

Соли 1991 вакили Шӯрои олии Узбакистон ва бунёдгузори Ҳизби “Эрк” (Ирода) Муҳаммад Солеҳ рақиби асосии Ислом Каримов дар интихоботи президентӣ буд. Моҳи июли соли 1992 ӯ аз мандати вакилияш дар эътироз ба фишорҳо даст кашид. Апрели соли 1993 бо айби “хиёнат ба давлат” дастгир шуд, вале дар пайи фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шарти берун нарафтан аз шаҳри Тошканд озод гашта, баъдан ба Туркия фирор кард. То ҳол дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)