Бахшҳо

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав Алексей Навалнийро дар баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба 10 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин мухолифи ҳукумати Русия зимни баррасии қазияаш гуфтааст, ки худро бегуноҳ мешуморад.

ИМА ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО ХОСТОРИ РАҲОИИ НАВАЛНИЙ ВА МУЪТАРИЗОНИ ДИГАР ШУДАНД

Иттиҳоди Аврупо ва Департаменти давлатии ИМА боздошти садҳо нафарро дар рӯзи гирдиҳамоии Русия маҳкум кардаанд.

Марк Тонер, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи расмии департаменти Амрико дар номае унвонии “Интерфакс” гуфтааст, Иёлоти муттаҳидаи Амрико боздошти садҳо эътирозгари осоиштаро рӯзи якшанбе дар тамоми қаламрави Русия маҳкум мекунад. “Боздошти эътирозгарони осоишта, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон мухолифи арзишҳои муҳими демократия ҳастанд".

Тонер дар идома ба боздошти Алексей Навалний, мухолифи аслии Путин ҳам дахл карда, изҳор доштааст, ИМА қазияи боздоштҳоро пайгирӣ намуда, аз ҳукумати Русия раҳоии тамоми эътирозгарони осоиштаро талаб мекунад.

Хадамоти сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо низ бо нашри як изҳорот аз Русия хостааст, тамоми боздоштшудаҳоро раҳо кунад.

Алексей Навалний рӯзи гузашта ҳангоми эътирози ҳазорон нафар дар пойтахти Русия аз сӯи пулис боздошт шуд. Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний 26 март дар Твиттераш навишт, Навалний то фардо дар шӯъбаи пулис мемонад: “Рӯзи душанбе суд доир мешавад”.

Бино ба хабарҳо пулис рӯзи гузашта дар саросари Русия ҳазорҳо нафарро боздошт кардааст. Гуфта мешавад, танҳо дар Маскав бештар аз 700 кас дастгир шудааст.

Алексей Навалний, мухолифи сарсахти ҳукумати Русия ва бунёдгузори Фонди мубориза бо коррупсия аввалҳои моҳи ҷорӣ бо нашри наворе дар Интернет Дмитрий Медведев, нахуствазири Русияро дар доштани дороиҳои ҳангуфт муттаҳам намуд. Дар пайи он вай аз мардум даъват кард, 26 март дар саросари Русия гирди ҳам омада, алайҳи мубориза бо коррупсия садо баланд кунанд. Аммо мақомоти бештари шаҳрҳои бузурги Русия барои баргузор кардани гирдиҳамоӣ иҷозат надоданд. Бо вуҷуд бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ рӯзи гузашта ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳо баромада ва зидди фасод шиор додаанд.

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст

Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст


Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Мӯҳр
Озодагон соати шумо 1соат пешми?

Навалний беҳуда зӯр мезанад. Салтанати Путинро такон дода намешавад. Артиши абарқудрат ва ҳамаи сохтор ва дастгоҳҳои қудратии Русия тарафдори Путин ҳастанд. Дуввум инки, худи русҳо ягона миллат дар дунёанд, ки зулми мақомотро аз озодӣ афзал мешуморанд. Ин далели исботшуда аст. Барои русҳо ғалаба дар ҷанг, ғасби заминҳои ҳамсоягон ва дигар "қаҳрамониҳо"и ҳукумат ё президент аз тамоми арзишҳои демократӣ авлотаранд. Сиёсати Русияи имрӯзаро як ҳазору даҳ ҳазор кас тағйир дода наметавонанд. Аз ин хотир эътирозгарон ба ҷони худ беҳуда ҷабр мекунанд.

мардон
Путин бо хамон кадар куввату вохима аз як оппозиционер меларзаду хазорон милисара ба кучахо фармон дода баровард!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)