Бахшҳо

“Нигоҳи нав” мардумро аз Рӯзи ҷаҳонии театр ва мушкилиҳои фестивалаш огоҳ мекунад

Созмони “Нигоҳи нав” бо тақсим намудани варақаҳои огоҳӣ дар кӯчаҳо сокинон ва меҳмонони Душанберо аз Рӯзи ҷаҳонии театр, ки ҳамасола 27 март ҷашн гирифта мешавад, огоҳ карданист.

Далери Имомалӣ, як масъули “Нигоҳи нав” ба “Озодагон” гуфт, паҳн кардани варақаҳо соати 10:00-и имрӯз аз назди театрҳои фаъоли шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад. Ӯ ҳадафи ин иқдомро ҷалби мардум ба театр унвон кард: “Мо ин корро аз ҳисоби худмон мекунем. Ғайр аз он ки мардум аз ин сана хабардор мешаванд, ҳамчунин мехоҳем баъзе мушкилиҳои марбут ба баргузории марбут ба Ҷашнвораи “Нигоҳи нав”-ро ҳам баён намоем”.

“Нигоҳи нав” мардумро аз Рӯзи ҷаҳонии театр ва мушкилиҳои фестивалаш огоҳ мекунадБа гуфтаи Далер Имомалӣ тибқи нақша шашумин Ҷашнвораи “Нигоҳи нав” имсол бояд аз 16 то 20 май баргузор шавад, аммо бо далели мушкили молӣ эҳтимоли доир нашудани он вуҷуд дорад. Ӯ афзуд, 20 фисади буҷаи баргузории фестивалро Дафтари ҳамкориҳои шветсарӣ пардохт мекунад ва онҳо ба дастгирии ҳукумати кишвар ниёз доранд.

Ин масъули ҷашнвораи “Нигоҳи нав” гуфт, барои иштирок дар ҷашнвораи имсол аз 16 кишвар дархост гирифта ва танҳо 7 гуруҳи ҳунарӣ аз Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Русия ва Гурҷистон иҷозаи ширкатро дарёфт намудаанд: “Комиссияи “Нигоҳи нав” намоишномаҳои дигарро бо далели ба талаботҳои ҷашнвора ҷавобгӯ набудан, қабул накард. Яке аз талаботҳои асосии фестивал, бо сабк ва услуби нав пешниҳод кардани намоишномаҳо мебошад. Ҳамчунин афроди аз 35-сола боло роҳ дода намешаванд, чун талабот ҳамин аст, ки танҳо ҷавонон истеъдоди худро ин ҷо нишон медиҳанд”.

Фестивали “Нигоҳи нав” панҷ соли қабл бо талоши як гуруҳ ҷавонон таъсис ёфта, ду соли ахир мақоми байналмилалиро касб намудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)