Бахшҳо
29 мар 2017 17:46Ҳуқуқи инсон

Се қурбонии ҷанги Сурия аз як хонаводаи “Маданият”

Яке аз хонаводаҳои "интизор" дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ҷануби Тоҷикистон бо гузашти солҳо мунтазири он ҳастанд, ки келину набераҳояшон аз чанги ифротгароёни "Давлати исломӣ" раҳо шаванд ва ба хона баргарданд. Орзуе, ки ҳоло мисли ин хонавода шояд даҳҳо хонаводаи дигар дар сар мепарваранд.

Олимурод Абдураҳмонов, марди узбектабор, сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти "Маданият"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дигар мунтазири се фарзандаш, ки ба гуфти онҳо дар Сурия кушта шудаанд, нест, тақозояш баргаштани ноболиғон ва келинест, ки "духтари мардум" гуфта мешавад.


Олимурод мегӯяд, ки баъди он ки тавони кор дар саҳроро гум кард ба писаронаш такя намуд, ки ноновари хона мешаванд ва ҳамин буд, ки се нафаро пайи якдигар соли 2013 ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳрҳои Русия фиристод. Бовар дошт, зиндагиро бо пули онҳо хуб пеш мебаранд.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ки фарзандонаш ноновари хона шуданд дубора зиндагияш ранги дигар гирифта, бо наберагону фарзандон нони ширин мехӯрданд, вале аз соли 2013 нони хӯрдаашон ба якбораги дар даҳонашон талх шуд, зеро се писар, келини калонаш ва се наберааш ба Сурия рафтанд.

Олимурод Абдураҳмонов мегӯяд, писари калонаш Файзиддини 30-сола солҳост, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия мерафт, вале моҳи ноябри соли 2013 бо ҳамсар ва се кӯдакаш тавассути қаламрави Русия ба Туркия ва сипас ба Сурия рафтааст. Кай ва чӣ гуна рафтани онҳоро мақомот расман шарҳ намедиҳад. Моҳи сентябри соли 2014 келинашон Баргин Абдураҳмонова, ки он вақт бо се фарзандаш дар Ироқ будааст, тариқи телефон ба хонаводаи шавҳараш хабар додаст, ки шавҳараш Файзиддин дар Сурия кушта шудааст.

Ин падари ғамдида гуфт, писари чорумаш Баҳромҷони 21-сола, моҳи июли соли 2014 аз Русия ба Сурия рафта, онҷо вафот кардааст. Писари дигараш Муҳаммадрасул, ки 23 сол дошт, дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Эмоми Аъзам, дар бахши сеюм таҳсил мекардаст. Ӯ низ ба муҳоҷират рафта, ҳамтақдири ду бародараш шудааст.

Ӯ бо ин мақсад, ки таҳсили худро дар Донишгоҳи тибӣ идома диҳад барои дарёфти пул ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Вале моҳи декабри соли 2015 ба хонаводааш занг зада гуфтааст, назди ҳамсари бародараш Файзиддин ба Сурия рафтаст. Падараш бо оби дида нақл кард, ки ин писараш ҳам онҷо кушта шудааст.

Тавре ӯ зикр мекунад, ғами марги фарзандон ва беному нишон гаштани келину набераҳояш ӯро шикаст, дигар таҳаммули ин дардҳоро надорад. Вай аз мақомоти кишвар хоҳиш дорад, келин ва се набераашро аз кишварҳои ҷангзада баргардонад: “Аз мақомот хоҳиш дорам, ки келину набераҳоямро баргардонад, ки онҳо низ мисли падарашон террорист нашаванд, баъди рафтани онҳо ҳеч оромише надорам, хобам намеояд, ёдашон мекунам”.



Аз ҷамоати деҳоти "Маданият" дар Сурия будани чор нафар аз ин хонавода бо шумули 3 кӯдак тасдиқ карда, мегӯянд, чанд солест аз онҳо хабар нест. Баҳриддин Эсанқулов, раиси ҷамоати номбурда гуфт: "Дар аксарият вохӯриҳоямон бо мардум ин хонаводаро даъват мекунем, вале мегӯянд, ки аз онҳо хабаре надоранд".

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, бештари ифротиҳо бо роҳи фиреб ва ваъдаи онки "ба биҳишт" мераванд, барои "ҷиҳод" ба "Давлати исломӣ" мепайванданд, вале Олимурод, ки ҳамзамон имом-хатиби масҷиди деҳаи Совет аст, мегӯяд, фарзандони ӯ на ҷиҳод, балки хиёнат ба Ватан кардаанд. Ин мард, ки аз Ислом огоҳ аст, мегӯяд, ҷиҳод ҷанг кардану падару модаро ғамгин кардан нест: "Ҷиҳоди онҳоро ман ҳеч гуна ҷиҳод қабул намекунам, онҳо хоини давлат ҳастанд".

Аҳли тақво ва руҳониён мегӯяд, ҷиҳод ҷаҳд кардан барои анҷоми коре аст, на хуни ноҳақ рехтану касеро ҷабр додан.

Ҷавононе, ки шомили гуруҳои террористию экстремистӣ мешаванд, хонавода ва зану кӯдакони худро ангушнамо мекунанд, ки зуд-зуд ба бозпурсии намояндагони мақомоти қудратӣ даъват мешаванд. Онҳо на танҳо барои кирдори фарзандон ба мақомот посух медиҳанд, балки ба суолҳои зиёди ҳамсояҳо низ бояд ҷавоб гардонанд.

Се қурбонии ҷанги Сурия аз як хонаводаи “Маданият”Чариқули 25-сола яке аз бародарони ин ифротиҳо аст, ки имрӯз бо як додари мактабхонаш зиндагии хонаводаашро пеш мебарад. Ӯ мегӯяд, нафаре бародаронашро мағзшуӣ, яъне фиреб кардааст: "Намедонам, бо кӣ рафтаанд, нафаре онҳоро фиреб карда бурдааст. Ёдашон мекунам, зеро додарам, акаам мебошанд. Ба дигар ҷавонон мегӯям, ки ба ин роҳ нараванд".

Мавзӯи ифротгароӣ, аз мавзӯъҳои доғи солҳои охир дар вилояти Хатлон боқӣ мондааст, мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мубориза мебаранд. Дар суҳбатҳо онҳо аз ҳарфҳои рӯҳониён истифода мебаранд, чун Тоҷикистон як ҷомеаи суннатӣ аст ва ба гуфтаи рӯҳониён бештар гӯш медиҳанд.

Се қурбонии ҷанги Сурия аз як хонаводаи “Маданият”Исроил Қаландаров, як руҳонии хатлонӣ зимни баромадаш чанде пеш дар як мактаби ноҳияи Бохтар дар миёни даҳҳо сокинон гуфт, доштани дониши хуб як роҳе мебошад, ки аз ифротгароӣ шуморо дур нигоҳ медорад. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони имрӯзаро мебояд бештар ба хондану илм таваҷҷуҳ кунанд: "Агар мусалмон мусалмони дигарро бикушад ҷойи ӯ дузах аст. Мусалмон будан танҳо дар як намоз хондан ва рӯза гирифтан нест, агар мо илму дониш дошта бошем, фирефтаи ягон ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ намешавем".



Коршиносон дар вилояти Хатлон шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнӯъи террористию экстремистиро гуногун арзёби мекунад: бекорӣ ва надоштани дониши ҳуқуқию диниро аз омилҳои гаравиш ба ҳизбу ҳаракати мамнӯъ медонанд. Саидҷаъфар Сафарзода, як коршиноси хатлонӣ дар ин робита мегӯяд: "Яке аз сабабҳои асосие, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, ин ҷаҳонишавӣ аст, чунки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, умуман сарҳад кушода шуд ва ба ҷуз ин мардуми мо ба технологияи нав, ки умуман сабт ва пахши ҳамингуна мавъизаҳоро фароҳам меорад, дастрасияшон бештар шуд. Мавъизаҳое, ки инсонбадбиниро дар миёни мардум эҷод мекунанд, тавасути телефон, тавасути дигар дастгоҳҳо дар миёни ҷавонон паҳн шудаст ва яке аз омилҳое аст, ки ҷавонро ба сӯи ифротгароӣ мебарад".

Тибқи итилои расмӣ аз ҳукумати вилояти Хатлон, ки тобистони соли гузашта дар нишасти нуҳмоҳаи раиси вилоят ироа шуд, шумораи сокинони вилояти Хатлон, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, 210 нафар аст. Миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ

Дар акси аввал: Олимурод Абдураҳмонов

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
shodmon
Салом алекм бехтарин ба шумо АМОЧОН МУХИДДИНОВ БАРОРИ КОР ВА БУРД БОРИХОИ НАВ БА НАВ ОРЗУМАНДАМ '

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)