Бахшҳо
05 апр 2017 15:06Ҳуқуқи инсон

Ифротгароӣ дар Хатлон мавзӯи доғ ва нигаронкунанда боқӣ мондааст

Моҳи феврали соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Хатлон се сокини ҷамоати деҳоти “Пули сангин”-и шаҳри Норакро барои боло кардани парчами ДИИШ дар боли кӯҳе 3 солӣ равонаи зиндон кард.

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, Сайфиддин Азимов, Манучеҳр Ёров ва Иброҳим Мирзоев ҳар кадом барои 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми додгоҳ аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷавонон соли 2015 боздошт шуда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 307, прим 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ”, парванда оғоз шуда буд: "Онҳо парчамро барафрохта, сипас пушаймон шуда, онро кандаанд, вале баъдан боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.

Аз Додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ин ҷавонон дар толори додгоҳ аз амали анҷомдодаи худ изҳори пушаймонӣ намуданд. Дар ҳамин ҳол, вакилон ва наздикони онҳо бо хабарнигорон суҳбат кардан нахостанд. Вале дар ҷамоати “Пули Сангин” гуфтанд, ин ҷавонон бо гузоштани ришаз дигар ҳамсолонашон фарқ мекарданд ва борҳо ҳушдор гирифта буданд, ки мабодо ба роҳи баде нараванд.

Ифротгароӣ дар Хатлон мавзӯи доғ ва нигаронкунанда боқӣ мондаастИн аввалин ҳодисаи барафрохтани парчами сиёҳи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар шаҳри Норак ва умуман вилояти Хатлон нест. Қаблан, Додгоҳи вилоят гуфта буд, дар ду ҳодисаи ҷудогона дар моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус гуруҳи 14 ва 8- нафараи ҷавонҳо барои тарафдорӣ аз ақидаҳои гуруҳи “Давлати исломӣ” ва барафроштани парчами ин гуруҳ дастгир ва барои муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд.

ДАР ХАТЛОН 332 ПАРВАНДАИ ТЕРРОРИЗМ

Раҷабалӣ Юлдошев, муовини додситони вилояти Хатлон дар нишасти хабарии аввали соли ҷорӣ аз гуфтани шумораи дақиқи сокинони вилоят, ки шомили “Давлати исломӣ” будаанд ё ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастаанд, худорӣ кард, вале дар маълумотномаҳои онҳо омори дақиқе, ки дар як сол чанд нафар равонаи зиндон шудааст, зикр гардидааст.



Ифротгароӣ дар Хатлон мавзӯи доғ ва нигаронкунанда боқӣ мондаастДар як соли гузашта алайҳи афроде, ки ба терроризму ифротгароӣ гунаҳгор дониста мешаванд, дар вилояти Хатлон 332 парванда боз шудааст. Дар ҳоле ки коршиносон ин рақамро дар як сол дар Хатлон зиёд медонанд, вале дар мақомоти додситонӣ нагуфтанд, ки омор дар муқоиса ба соли 2015 бештар аст, ё камтар. Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи январи соли ҷорӣ гуфт, аз ин теъдод беш аз сад парванда баррасӣ ва омилонаш ба муддатҳои гуногун ба зиндон фиристода шуданд. Ӯ афзуд, аксари ин парвандаҳо ба иштироки сокинони Тоҷикистон дар ҷангҳои бегона, пайравӣ аз гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ”, ҷараёни мамнӯи “Салафия”, созмони “Гурӯҳи 24” ва ҳизби ҳоло мамнӯъи Наҳзати исломӣ марбутанд, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар чанд соли ахир мамнӯъ элон шудаанд. Тибқи иттилои расмӣ соли гузашта танҳо аз як деҳаи ноҳияи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён то 30 нафар бо ҷурми ифротгароӣ равонаи зиндон шудаанд, ки 11 тани онҳо аз як хонавода будаанд.

Темур Бойзода гуфт, Саид Зиёев, сокини 28-солаи деҳаи Камароби ҷамоати Утақар Назарови ноҳияи Қубодиён бо иттиҳоми “фаъолият дар созмони эктремистӣ” ва “қасди барҳам додани сохти конститутсионӣ”, барои 7 сол равонаи зиндон шудааст. Зиёев чанд моҳ пеш аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд ва бар асоси наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар мулоқоти "Гурӯҳи 24" алайҳи ҳукумати кишвар сӯҳбат мекард, аз тарафи мақомоти интизомӣ боздошт гардидаст. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, Саид Зиёев дар ин навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамчун далели шайъӣ намоиш дода шудаст, бо даҳҳо ҷавоне, ки мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон будаанд, “Истеъфо” гуфта, садо баланд кардааст. Аммо Назир Зиёев, падари Саид баъди эълони ҳукми додгоҳ гуфт, фарзанди ӯ гуноҳ надорад ва аз ноогоҳӣ дар ин ҳамоиш ширкат кардааст: “Ҳеч гуноҳе надорад, фақат дар як маҷлис ширкат кардааст. Ҳамон наворе, ки писари ман ҳаст ба мо намоиш доданд, ки онҷо иштирок кардааст. Аввал чанд маротиба писарамро бозпурсӣ карданд, вале тибқи ду модда нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд".

Дар вилояти Хатлон ноҳияҳое, ки бештар сокинонашон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи террористӣ пайвастаанд, дар рӯихати ноҳияҳои осебразир ҷой дода шудаанд. Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон тобистони соли гузашта танҳо шумораи онҳоеро, ки ба “Давлати исломӣ” пайваста, берун аз Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ қарор доранд, бештар аз 210 нафар гуфт. Гулаҳмадзода изҳори нигаронӣ кард, ки баъзан мардҳо занону кӯдакҳояшонро низ ба Сурия бурдаанд.



"САЛАФИЯ" ДАР ХАТЛОН АЗ МАВЗӮИ ДИГАР, КИ МАҚОМОТРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

Дар вилояти Хатлон дар баробари ҳузури ҷавонон, занону кӯдакон дар ҷангҳои Сурия гуруҳҳое боздошт шудаанд, ки мақомот мегӯяд, аз ақидаи "Салафия", як равияи мамнӯъ таблиғ кардаанд ва бино бар ҳамин ҷурмашон боздошт ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Тибқи иттилои додгоҳи вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар ва дигар ноҳияҳо беш аз 40 ҷавон, ки аз ҳаракати "Салафия" пуштибонӣ мекардаанд, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Догоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, аз ҷавононе, ки боздошт ва зиндонӣ шудаанд, далелҳои шаъйӣ, мисли китобу видеоҳо пайдо кардааст. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон равияи "Салафия"-ро соли 2009 манӯъ ва соли 2014созмони ифротӣ эълон кард.



Тоҷикистон дар соли 2016 “Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстермизм”-ро барои панҷ соли оянда қабул кард. Бар асоси ин дурнамо, ки аз ҷониби Додситонии кулл ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таҳия шудааст, дар кишвар бояд Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм, таъсис ёбад.

Ҳамзамон дар тамоми Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯи даст гирифта хоҳад шуд. Бино ба омори расмии Вазорати корхои дохилаи Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда, бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Ясриби ХАТЛОНӢ, Қӯрғонтеппа

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)