Бахшҳо

Путин: Баъди омадани Трамп муносибатҳо бадтар шудааст

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, баъди корро ба ҳайси раисҷумҳур оғоз кардани ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп мизони эътимоди тарафайн миёни Маскаву Вашингтон поин рафтааст.

Ин суханҳои Путинро, ки дар суҳбат бо шабакаи телевизионие баён шудаанд, сомонаи расмии Кремл 12 апрел, дар рӯзи мулоқоти котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар шаҳри Маскав нашр кард.

Президенти Русия дар посух ба суоли он ки баъди омадани Трамп муносибатҳои Вашингтон ва Маскав бад шуд ё беҳтар, мегӯяд, "метавон гуфт, ки дараҷаи эътимод дар сатҳи ҳамкорӣ, бахусус дар бахши низомӣ на боло, балки поин рафтааст".

Путин изҳороти ҷониби Русияро бори дигар такрор карда, гуфт, ҳукумати Сурия дар ҳамлае, ки ИМА кимиёӣ будани онро тасдиқ мекунад, айбдор нест. Дар натиҷаи ин ҳамла 4 апрел дар вилояти Идлиб даҳҳо сокини осоишта ҷон бохтанд.

Вай афзуд, ки ҷониби Русия дар робита ба ин қазия ду фарзияро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол аст, маводи заҳрогин дар натиҷаи зарбаҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ба сехи истеҳсоли силоҳи кимиёии шӯришгарон хориҷ гашта бошад ва ё худи ин ҳамла "саҳнасозӣ" шудааст.
Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар ин иддаоро рад карданд.
Мӯҳр
Путин барои президент шудани Трамп хеле кӯшиш карда бошад ҳам, дар фарҷоми кор ба ҷое нарасид. Ӯ як чизро ба назар нагирифт: Амрикоро на танҳо президент, балки Конгресс (порлумон)и он кишвар идора мекунад. Ҳар як вазиру кабир ва, ҳатто, худи президент Трамп таҳти назорати шадиди порлумон қарор доранд. Бар акси ин, Русияро фақат як нафар, Путин, идора мекунад. Ҳамин аст, ки Путин дар ҳама ҷо ҳокимони диктатору яккатозро дастгирӣ мекунад, мисли Башор Асад, Лукашенко ва чанди дигарон. Ӯ бо тамоми вуҷудаш зидди низоми демократӣ, арзишҳои ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва парламентаризм мубориза мебарад. Дар худи Русия ва дар Урупо ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)