Бахшҳо
18 апр 2017 15:15Ҳуқуқи инсон

Муҳоҷиронро тавассути телефон аз хатари ифротгароӣ ҳушдор медиҳанд

Ҳукумати ноҳияи Бохтар, дар вилояти Хатлон ҷануби Тоҷикистон ба ҳар як муҳоҷире, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, суҳбати як ба як анҷом дода аз зиндагӣ ва шароити кории онҳо пурсон шудааст. Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод" яке аз ҷамоатҳои сернуфӯси ноҳияи Бохтар ба шумор меравад. Бино ба омори масъулини ҷамоат 1748 сокини он дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳрҳои Русия қарор доранд. Гуфта мешавад, масъулини ҷамоат бо ҳамаи онҳо суҳбати телефонӣ анҷом дода, онҳоро аз хатари ифротгароӣ огоҳ кардаанд.


Мақомоти ноҳияи Бохтар мегӯянд, ҳадаф аз ин тадбир огоҳ шудан аз шароити будубоши муҳоҷирон ва ҳушдор додани онҳо аз хатари ифротгароӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки пулиси вилояти Хатлон мегӯяд, бештари сокинони вилоят аз Русия ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Хонаводаҳои аксар сокинони вилояти Хатлон, ки ба Сурия рафтанд низ изҳор доштанд, фарзандонашон дар Русия қарор доштанд.

Дар ҳоле ки пулис баъди анҷоми корҳои оперативӣ мегӯяд гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аз шаҳрҳои Русия маншаъ гирифтааст, вале боз муҳоҷироне ҳастанд, ки аз эҳтиёт кор мегиранд ва фикрашон дар пеш бурдани аробаи зиндагӣ ва зану фарзандашон мебошад. Як ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳия, ки дар суҳбати телефонӣ худро Фаррух муарифӣ кард, мегӯяд, чунон саргарми кор ва дар фикри зану хонавода аст, ки аслан вақти ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоиро надорад.



Ин ҷавон аз соли 2012 то инҷониб ба Русия мардикорӣ меравад. Чанд рӯз пеш корманди идораи ҷамоат ба ӯ занг задааст: “4 сол аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравему меоем. Ҳамарӯза хонавода занг мезананд аз аҳволи мо пурсон мешаванд. Як рӯз намояндагони ҷамоат ба мо занг заданд, ки ба чӣ корҳо машғулед. Мақсади онҳо пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Мо бисёр хурсанд ҳастем, ки ба мо занг мезананд, аз хатари ҷангҳои Сурияву Ироқ мефаҳмонанд. Мо тарафдори ҳамингуна амал ҳастем".

Ин ҷавон мегӯяд, аз хатари ифротгароӣ гоҳ-гоҳе аз шабакаҳои телевизионӣ маълумот мегирад, вале модари ӯ пайваста тариқи телефон насиҳаташ мекунад, ки бо афроди бегона суҳбат накунад ва ҳушёриро аз даст надиҳад.

Муҳоҷиронро тавассути телефон аз хатари ифротгароӣ ҳушдор медиҳандШарофат Фатҳуллоева, муовини раиси ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Бохтар мегӯяд, тайи солҳои ахир хатари терроризму экстремизм на танҳо дар ноҳияи Бохтар, балки дар Тоҷикистон аз мавзӯи доғ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вай гуфт, ки чанд соли ахир дар ноҳияи Бохтар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро бо мардум баргузор мекунад, ки ҳадаф огоҳ кардани мардум аз хатари ифротгароӣ мебошад, хусусан хона ба хонаи муҳоҷирон гаштану ҷаъмоварии рақамҳои телефонҳои онҳо ва ҳолпурсӣ карданашон як бахши барномаи онҳо будааст. Шарофат Фатҳуллоева гуфт, ҷавонони ҷамоати "Меҳнатобод" 17 ҳазору 125 нафар буда, то имрӯз дар ҳамбастагӣ бо раисони маҳаллаҳо хона ба хонаи мардум гашта беш аз 1748 рақами телефонҳои муҳоҷирони ҷамоатро ба даст оварданд, ки бо онҳо тариқи телефон суҳбат кардаанд: "Ба хотири шомил нашудани ҷавонон ба гӯруҳҳои мамнӯи террористӣ дар ҳамбастагӣ бо раисони маҳалаҳо хона ба хона гашта бо онҳо суҳбат мекунем ва онҳоро аз хатари ифротгароӣ огоҳ месозем".



Муҳоҷиронро тавассути телефон аз хатари ифротгароӣ ҳушдор медиҳандХӯҷабой Қосимов, раиси деҳаи "Ҳофизи Шерозӣ" дар ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и Бохтар гуфт, бо муҳоҷирон суҳбат карда ва шумораи худро ба онҳое медиҳад, ки ба муҳоҷират мераванд: "Пеш аз рафтанашон рақами телефони маро мегиранд, баъди расидан дар Федератсияи Русия ба ман занг мезананд. Ҳастанд муҳоҷироне, ки ҳоло сафар ба муҳоҷират накардаанд. Онҳое, ки рафтаанду рақами телефони маро нагирифтаанд, хона ба хона мегардем ва шумораи телефонашонро мегирем. Бояд мақомот донад, ки онҳо ба кадом шаҳри Русия мераванд ва чӣ кор мекунанд”.



Хӯҷабой Қосимов мегӯяд, ба муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо мефаҳмонанд, ки ҳадаф аз гирифтани рақамҳо ва суҳбат бо онҳо ба манфиати худашон буда, талош мекунанд, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ҳамроҳ нашаванд. Аз суҳбатҳое, ки бо муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо анҷом шудааст маълум шуд, ки онҳо тасмими мақомоти ноҳияро бобати суҳбат анҷом додан бо муҳоҷирон хуб пазируфтаанд.

Коршиносон омилҳои гаравиши ҷавононро ба сафи "Давлати исломӣ" мухталиф арзёбӣ мекунанд, мисли ноогоҳӣ аз Ислом, надоштани шуғли муносиб дар Ватан ва дар шаҳрҳои Русия. Сайраҳмон Назриев, рӯзноманигор мегӯяд, тасмими ахири мақомоти ноҳияи Бохтарро, ки бо муҳоҷирон суҳбат мекунад, дастгирӣ менамояд: "Имрӯз намояндагони мақомоти давлатӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки рақами телефонҳои муҳоҷиронро мегиранд ин хубаст, зеро мақомот бояд донанд, ки муҳоҷирон дар ҳақиқат дар Федератсияи Русия ҳастанд ё не. Ин яке аз роҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад".



Аз ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод" мегӯянд, илова бо онки бо муҳоҷирон як бо як суҳбатҳо анҷом медиҳанд ва аз шароити кору зиндагияшон мепурсанд, чорабиниҳои фарҳангӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон баргузор кардаанд. Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гуфтанд, дар вилоят барномаҳои мухталифе барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ пиёда шудааст. Барномаи даҳҷонибаи мақомот, ки дар он аз корхонаю муасисаҳои вилоятӣ бо мардум суҳбатҳо дар мавриди ифротгароӣ анҷом мешавад. Ин барнома, ки ҳайати он аз намояндагони кумитаи дин, равоншиносон, намояндагони пулис ва додситонӣ иборат аст бо мардум суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад ва чанд нафар аз волидайне, ки фарзандонашон ифротӣ шудаанд ба унвони мисол дар ин мулоқотҳо бо мардум суҳбат мекунад.

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)