Бахшҳо
21 апр 2017 15:28Ҳуқуқи инсон

Матбуот метавонад сокинонро аз ифротгароӣ боздорад?

Бо вуҷуди ин ки мақомоти тоҷик мегӯянд, ифротгароӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш дорад ва суръати шомил шудани сокинон ба ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои ифротгаро кам шудааст, мубориза ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ сол то сол тақвият меёбад. Роҳҳои беҳтари ҷилавгирӣ аз тундгароӣ кадом аст? Заминаҳо, сабаб ва ангезаҳои тундгароӣ чист ва васоити ахбори омма дар ин самт чӣ нақш дорад? Рӯзноманигор Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар як суҳбати ихтисосӣ бо журналист ва таҳлилгари умури байналмилалӣ - Неъматуллоҳи Мирсаид ба ин ва чанд суоли дигар посух ҷӯст.

М.Муҳаммадраҷаб: Мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир дар бораи коҳиши тундгароӣ, пайвастани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷ, махсусан дар Сурия суҳбат мекунанд. Ба назари Шумо вазъ чӣ гуна аст, дар воқеъ - тундгароӣ рӯ ба коҳиш дорад?

Н.Мирсаид:
Шояд, ҳамин тавр ҳам бошад. Чунончӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мегӯянд, вале аз чӣ бошад, одатан бо факту далел гуфтаҳои худашонро исбот намекунанд. Дар ин бора онҳо факту рақам доранд ё надоранд, мо аз ин бехабарем. Барои матбуот ҳам ин факту рақамҳо пешниҳод намешавад. Барои ҳамин имрӯз баҳо додан ба вазъ, ки оё дар ҳақиқат гароиш ба ифротгароӣ рӯ ба афзоиш ё коҳиш дорад, хеле душвор аст. Мавқеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва баъзе сарчашмаҳои байналмиллалӣ бо ҳам фарқ мекунад. Аз ҷониби баъзе сарчашмаҳои байналмилалӣ факту рақамҳое садо медиҳанд, ки гӯё дар Тоҷикистон тундравӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Ба қарибӣ ҳатто як рақамро номбар ва расонаӣ карданд, ки тибқи он байни одамоне, ки дар ҷангҳои бурунмарзӣ худро таркондаанд, гӯё шаҳвандони Тоҷикистон аз ҳама зиёд, яъне 27 нафар бошанд. Ман мехостам ба дуруст будани ин иддао шубҳаи худамро баён намоям. Ба он хотир ки аз ин 27 нафар тоҷикон, ки гӯиё худашонро тарконида бошанд, танҳо номи як нафарро номбар кардаанд, ки гӯиё худро дар Ироқ таркондааст. Ҳамин тавр, байни маълумоте, ки мақомоти Тоҷикистон баён мекунанд ва сарчашмаҳои байналхалқӣ пешниҳод менамоянд, ихтилоф вуҷуд дорад.

М.Муҳаммадраҷаб: Соли 2014 мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дода буд, ки ҳудуди сад шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ва Ироқ ғайриқонунӣ ширкат доранд. Аз соли гузашта то кунун ин теъдодро беш аз ҳазор нафар мегӯянд. Ба ҳар ҳол, вазъият чандон содда нест ва мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, ки мубориза алайҳи ифротгароиро ягон зарра заиф накардаанд. Пас, чӣ заминаҳо ва сабабҳое бархе сокинонро тундрав мегардонад?

Н.Мирсаид:
Баъди пош хӯрдани империяи Шӯравӣ дар фазои он як холигиҳои ақидатие ба миён омад. Ва дар он фазои холӣ ҳизбу ҳаркат ва созмону равияҳои динии гуногуни тундрав ба фаъолият сар карданд. Яъне, боз шудани марзҳои ҷумҳуриҳо барои ворид шудани ақидаҳои тунд ва ифротгароёна шароит фароҳам овард. То ҷойе ки ҳатто дар рӯзҳои мо дар бораи пойдор кардани давлати исломӣ, ба ном “Халифат” ҳарф мезананд. Бархе ҳам орзуи барпо кардани давлати “Хуросони Бузург”-ро, ки қаламрави Осиёи Марказиро ҳам фаро хоҳад гирифт, дар сар доранд ва дар ҷомеа ҷонибдорон ҳам пайдо кардаанд. Аввалин шуда ҳаминҳо ба Ироқу Сурия шитоб карданд аз роҳи муҳоҷирати корӣ дар Русия. Дар худи дохили кишвар ҳам бархе ин гуна тундравҳо ҳастанд. Лекин ғайр аз ин дар ҷомеа бисёр шахсони осебпазир низ ҳастанд, ки инҳо одамони бекор, бешуғл, нодору муҳтоҷ, одамоне, ки ҷойгоҳу мавқеи шоистаи худро дар ҷомеа муайян накардаву пайдо карда ҳам наметавонанд. Афроде ки маърифат ва донишу фаҳмиши дунявӣ ва диниашон паст, гурӯҳи хавфноке, ки ихтилоф бо қонун доранд, (яъне замоне ҷиноят содир кардаву фирор кардаанд ва ҳоло дигар худро озод ҳис карда наметавонанд). Ин қабила нафароне ҳастанд, ки эҳтимоли пайвастани онҳо ба ҷунбишу равияҳои ифротгаро бештар аст.

М.Муҳаммадраҷаб: Дар рӯзҳои мо ҷилавгирӣ аз ифротгароии динӣ эҳтимол аз ҳар вақти дигар бештар ба мавзӯи аслии суҳбату гуфтугӯ ва мулоқотҳо қарор мегирад. Аз нигоҳи Шумо, аслан ифротгаро ё тундрав кист ва аз чӣ ба ин роҳ рафтааст?

Н.Мирсаид:
Ифротгаро ё тундрав - ин шахсе, ки ба ақидаи тунди бегона дода шудааст ва аз ғояҳои ифротгароёна пайравӣ мекунад. Ин гуна инсон ба пайрави дин ё мазҳаби дигар кинаву адоват дорад ва таҳаммули ҳатто шунидани ақидаи ӯро надорад. Гумроҳе, ки ба ҳаракати ифротгароёна боасос ё беасос ҳамроҳ шудааст. Барои пешгирӣ кардани зуҳуроти тундгароӣ байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондан даркор ва шарт аст.

М.Муҳаммадраҷаб: Хуб, дар бораи “корҳои фаҳмондадиҳӣ”, ки дар 2-3 соли охир мебинам, хеле ҷоннок шудааст. Мақомот бо сокинон, гурӯҳи қишрҳои мухталифи ҷомеа, донишҷӯён, занон ҳатто хонандагон мулоқот ва суҳбатҳо доир мекунанд. Албатта, ин маҳфилҳо барои коҳиши тундгароӣ манфиатноканд. Аммо ин суҳбату мулоқотҳо бештар бо қисми фаъоли ҷомеа сурат мегирад. Аммо бо он қишре, ки ёдовар шудем, он қишре, ки аз мушкилоти рӯзгор ё сабабҳои дигар худро аз ҷомеа нисбатан канор мегирад ва эҳтимоли пайвастанаш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ бештар аст, боз ҳам канор мемонанд ва камтар ҷалб карда мешаванд.

Н.Мирсаид:
Дар ҳақиқат, гуфтаҳои Шумо дуруст аст. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо ба намоишкорӣ роҳ додан чандон хуб нест. Бояд кори амалӣ иҷро шавад. Мо имрӯз мегӯем, ки яке аз гурӯҳҳои осебпазир муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки зимни кор дар Русияву кишварҳои дигар эҳтимоли ба доми тарғибгарони ақидаҳои ифротӣ афтоданашон зиёд аст. Бештар бо онҳо бояд кор кард. Вақте ки мо дар ягон синфхона ё толоре донишҷуёни як синф ё факултаро барои суҳбат ҷамъ меорем, ин хуб аст. Вале дар баробари ин бояд муайян кунем, ки дар қатори донишҷӯёни фаъоле, ки ҳозир мешаванд, оё ҷавононе низ ҳастанд, ки худро аз дарсҳо канор мегиранд, барои чиву ба чӣ кор машғуланд. Ин гунаҳоро муайян намуда, бештар бо онҳо бояд кор бурд.

Ман фикр мекунам, бештар бо одамони бекор кор кардан ва барои онҳо ҷойҳои корӣ фароҳам намудан даркор аст. Байни занон фаъолият бурдан ва онҳоро бо кору машғулиятҳои судманд барои оилаи худашону ҷомеа ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудан лозим аст. Корхонаҳо бунёд кардан ва коргоҳҳо сохтан даркор аст. Яъне, тамоми саъйу кӯшиш ба он равона гардад, ки заминаҳои зуҳуроти ифротгароӣ аз байн бурда шавад. Сухан дар бораи таъмини адолати иҷтимоӣ меравад. Тасаввур кунед шахсеро, ки барои ҳалли масъалае ба мақомоти иҷроия муроҷиат мекунад, як бору ду бор не, даҳҳо маротиба муроҷиат мекунад, вале масъалаи ӯ ҳал намешавад. Барои ӯ дигар ҷои умед намемонад, ки мушкили ӯро ҳал мекунанд ва ин ноумедӣ ва дилшикастагӣ ӯро дар муқобили тарғиботи тундгароён осебпазир мегардонад.

М.Муҳаммадраҷаб: Ҷаноби Неъматулло, солҳои охир, вақте дар бораи тундгароии динӣ суҳбат мешавад, бархе коршиносон ва таҳлилгарон дар бораи маҳдуд шудани фазои озодиҳои динӣ ҳам суҳбат мекунанд, ки ба густариши тундгароии динӣ мусоидат кардааст.

Н.Мирсаид:
Дар Конститутсия Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ номида шудааст, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳвандонро кафолат медиҳад. Албатта, бояд озодӣ дар мадди аввали назар истад. Вале вақте ки солҳои охир вазъ дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи густариши ифротгароӣ тағйир ёфт, давлат баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Қаблан ба мардум озодиҳои динӣ пурра пешниҳод шуда буд, сокинон мадрасаву масҷидҳо боз мекарданд, вале хангоме ки аз ин сӯиистифода сар шуд, давлат таъмини амнияти миллиро муқаддам гузошт. Зеро Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравист, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд. Мо мусибати он ҷангро бо чашмамон дидем ва бо ҷонамон эҳсос кардем. Яъне, ба андешаи ман, барои инсон пеш аз ҳама, сулҳу осоиштагӣ зарур аст. Мо бояд инро фаҳмем ва фаҳмиданамон зарур аст, агар барои мо сулҳу осоиштагӣ азизтар ва қиммат бошад. Озодӣ ҳеҷ вақт мутлақ намешавад ва дар ягон давлати дунё ҳам нест. Албатта, бояд кӯшиш кард, ки озодии инсон ба таври комилтар таъмин бошад. Вақте ки давлатҳои аз нигоҳи рушди демократӣ пешрафтаи дунё ба хотири ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти миллии давлат ва шаҳрвандони худ маҳдудиятҳое ҷорӣ мекунанд ва чораву тадбирҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон роҳандозӣ мекунанд, одӣ ва табиӣ пазируфта мешавад, вале вақте ки Тоҷикистон ё ягон кишвари дигари Осиёи Миёна ба ин гуна корҳо даст мезанад, зери тозиёнаи танқид гирифта мешавем.



М.Муҳаммадраҷаб: Як ҷиҳати дигари ҳамин масъала. Мақомот маъмулан наздикону хешони касонеро, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд ё барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаратҳои тундрав ба ҳабс гирифта ё таҳти пайгарди қонунӣ қарор додаанд, таҳти назорати шадид мегиранд. Ба пурсишу бозпурсиҳо даъват мекунанд, дар бораашон маълумот ҷамъ меоранд ва ин ҳама дар Тоҷикистон маъмулан ба наҳве сурат мегирад, ки аз назари ҷомеа дур намемонад. Таҳти ин омилҳо бештари аз аҳли ҷомеа ҳам худро аз ин гуна афрод канор мегиранд. Ба наздикӣ як зане, ки бародари шавҳараш ҳамроҳи ҳамсар ва як писараш аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафтааст, нақл кард, ки онҳо дар як ҳавлӣ, аммо хонаҳои заминии алоҳида зиндагӣ мекарданд. Баъди ошкор шудани дар Сурия будани бародари шавҳараш ва равуои мақомоти гуногун ба хонаи онҳо барои пурсишу суҳбатҳо муносибати ҳаммаҳаллаву ҳамдеҳагонаш бо онҳо комилан дигаргун шуд. Ӯ мегӯяд, бисёриҳо ҳатто худро аз онҳо дур мегиранд ва моҳҳост, ки барои писараш арӯс пайдо карда наметавонад. Ба назари шумо, чунин бархӯрд то чӣ андоза дуруст аст?

Н.Мирсаид:
Ба фикри ман, беасос боздошт кардани одамони бегуноҳ ва дар маҳбас андохтани онҳо ба густариши тундравӣ боис мегардад. Агар мо дар пайи дастгир карда ба зиндон андохтани як одами гунаҳкор даҳ нафар ҳамроҳашро ҳам боздошта, бозпурсӣ кунем. Ҳар рӯз ба идораи худ даъват карда, сарсону овора кунем, намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хонаашон равад, дар ҳақиқат, бисёр одамон, ҳаққу ҳамсояҳо ва ҳаммаҳаллаашон ба онҳо низ бо чашми шубҳа нигоҳ мекунанд. Обрӯю эътибори онҳо дар байни ҷомеа мерезад. Ба онҳо ҳама бо ангушт ишора мекунанд, ки агар онҳо бегуноҳ мебуданд, назди дари онҳо ҳар рӯз намояндаи мақомот намеомад ё наздаш даъват намекард. Он одамро гунаҳкор дониста, муҳокима мекунанд ва худашонро аз ӯ канор мегиранд. Ҳарчанд шояд ягон гуноҳ надорад. Барои ҳамин ҳам ин муносибат ва бархӯрд ба фикрам, нодуруст аст. Ингуна корҳои беасос натиҷаи акс меорад. Яъне, шумораи тундгароёнро зиёд мекунад. Ба назари ман, беҳтар мебуд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарзи корбарии худашонро тағйир диҳанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи ҷазо равад, ба гунаҳкор ҷазое диҳанд, ки барои тарбия кардани ӯ, ки дар мавориди бисёр аз хато, ноогоҳӣ, каммаърифатӣ гумроҳ шуда, бад кардааст, вале ҳанӯз пурра ба роҳи ифротгароӣ надаромадааст ва ба ғояҳои ифротгароӣ дода нашудааст, барои чунин шахс имкони ислоҳ шудан дода шавад. Чунки ҳар шахсе, ки барои як иштибоҳ ва як гуноҳи ночиз ҷазои сахт мегирад, мумкин аст ин беадолатӣ ақидаи ӯро тағйир диҳад ва оянда ӯро ноумед ва тундрав гардонад. Барои ҳамин муносибатро дар ин маврид дигар кардан даркор аст. Бо роҳи ҷазодиҳӣ масъала ҳал ва мушкил бартараф намешавад.

М.Муҳаммадраҷаб: Дар бораи нақши матбуот дар инъикоси мавзӯи мубориза ва ҷилавгирӣ аз тундгароӣ чӣ назар доред? Бархе мақомот бар онанд, ки мавзӯи ифротгароӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм беҳтар аст дар матбуот инъикос нагардад.

Н.Мирсаид:
Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки имрӯз матни Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобала бо эстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 дар матбуот чоп нашуд. Он бояд ба нашр мерасид ва бояд ҳар як намояндаи мақомот медид, ки дар он ҷо ба ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо рӯзноманигорон ва расонаҳо таъкид шудааст. Ба назари ман, ҳар рӯзноманигор ва ҳар васоити ахбори умум дар бораи пешниҳод ё худдорӣ аз пешниҳоди факту рақамҳои марбут ба ин мавзӯъ бояд худаш тасмим бигирад.

Ман дар бораи ҳар як дӯстони ҳамкасбам гуфта метавонам, ки мо ватандӯст ҳастем, ҳеҷ вақт бо нашри матлабе бад гардонидани авзои ҷомеаро намехоҳем. Ба назари ман, баракс - расонаӣ намудани баъзе факту рақамҳо ва қиссаву ҳодисаҳои марбут ба ин мавзӯъ метавонистанд барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти барои рушди ҷомеаи маданӣ номатлуб мусоидат кунанд. Масалан, вақте ки мо саргузашти талхи як оилаи гумроҳгашта ва ба ҷанги Сурия рафтаро тавассути нашрия ё радиову телевизион ба мардум нақл мекунем, мумкин аст ин даҳҳо нафарро аз роҳи каҷ боздорад. Ман ин чизро дар назар дорам. Ақаллан дар ҳамин самт бояд мақомот бо матбуот ҳамкорӣ кунанд.


Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Суҳбати хеле хуб, маъқулам шуд. Мавзуи бисер ҷиддӣ ва муҳими рӯзро оромона бе эҳсосоту талош ба муҳокима кашидаанд. Умедворам тарафҳои дигари ин мавзуи доғро ҳам ба таҳлил бикашанд.

Номи ин рузноманигоронро медонистам ва бо навиштаҳояон ошноям ва ба шахсиятҳошон ихлос дорамшон. Иқдоми олие карди Озодагон, ки ба саҳифаат чеҳраҳои наверо ҳам дохил кардӣ Вагарна ҳама вақт гирди номи чан рӯзноманигори ситораи пойтахт тоб мехӯрден (илтимос аз ин эрод наранҷед.)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)