Бахшҳо

Нақшаҳои Садриддин: Баргузории консертҳо дар Амрико, Аврупо, Русия ва Тоҷикистон

Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари попи Тоҷикистон қасд дорад барои аввалин бор дар Амрико барномаҳои ҳунарӣ баргузор кунад.

Ӯ мегӯяд, қарор аст ин барномаҳо баъд аз силсилаконсертҳо дар Аврупо ва Русия то поёни соли равон доир шаванд. Садриддин дар тарҳи интернетие бо номи “Фақат рост бигӯ” дар суҳбат бо журналист Орзу Исоев гуфт, барномаҳои ҳунариаш дар Амрико қарор аст дар чанд шаҳри бузурги ин кишвар роҳандозӣ бигардад. Аммо дар мавриди консерт дар Тоҷикистон гуфт: “Шояд дар Соли нави мелодӣ, шояд дар Наврӯз. Худо ба он рӯзҳо расонад”.

Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, силсилаконсертҳояш дар Аврупову Русия аз моҳи июл, баъди Иди Рамазон шурӯъ хоҳад шуд. Ӯ афзуд, дар моҳи Рамазон “хомуш” хоҳад монд: “Ман дар хонаводаи мазҳабӣ ба дунё омадаам ва аз бачагӣ рӯза мегирифтам. Имсол ҳам рӯза медорам”.

Садриддин Наҷмиддин яке аввалин хонандаҳои попи тоҷик аст, ки клипҳояш дар шабакаҳои маъруфи мусиқии форсизабон пахш шуданд.

Тайи чанд соли ахир силсилаконсертҳои ӯ дар Аврупо баргузор мешавад.
Мӯҳр
Хамин Садриддин бо накшахои худ иктисодиёти моро набардорад пас ки мебардорад. Л.И Брежнев гуфта буд нон бошад суруд мешавад. Дар мо баръакс нон нест суруд хаст. Дар бораи бардоштани иктисодиёт нависед аз накшахои Садриддин чи фоида.

Душанбенец.,
Одам фақат бо хӯрдану нӯшидан зинда нест. Он гоҳ фарқ миёни гову одам набудӣ!

Салмон
Садриддин вокеан хунарманди муваффаки даврони сохибистиклолии Точикистон мебошад. Сухбати интернетии уро бо Орзу Исоев бо номи "Факат рост бигу" тамошо кардем, аммо мутаасифона ба чои шод шудан хеле гамгин шудем. Чаро? Барои он, ки дигар Садриддин на танхо дар сурудхояш лахчахои эронию афгониро истифода мебарад, балки бо ин лахчахо пурра сухбат мекунад. Шояд бигуед, ки ин ду лахча низ форсиянд ва хеч бади надоранд, аммо кучо диде, ки як афгон ва эрони, бо лахчаи форсии тоза, ки ин ТОЧИКИ хаст сухбат карда бошад ва ё кушиш сухбат намуданро намояд. Чаро мо ба чои он ки забони ширину шакарини точикии худро ба чахониён муаррифи намоем, меравем зери таклиди бародарони эронию афгони...... Хол он, ки худи эронихо ва афгонхо ЭЪТИРОФ кардаанд, ки форсии тоза ин дар гуфтори ТОЧИКИ боки мондааст...... Аз Садриддин даъват ба амал меорем, ки аз ин рохи хато баргардад ва дар баробари сурудхои хуби точики хангоми сухбат дар шабакахои ичтимои ва ё шабакахои гуногнуи форси хатман бо гуфтори хуби ТОЧИКИ баромад кунад. ДЖар сурудхоят таклид кардед бас аст

хочи
агар дар оилаи мазхаби ба дунё омада боши бояд артист намешуди

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)